Радди латту кӯби Раҳматилло Зоиров дар шаҳри Маскав
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия хабари латту кӯби Раҳматилло Зойировро дар шаҳри Маскав, ки ахиран дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук паҳн шуд, рад намуд.
Дар изҳороти ҲСДТ омадааст, “22 октябри соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз ҷониби Меҳрубони Мубориз иттилои бардурӯғе паҳн гардид, ки гӯиё роҳбари ҲСДТ Раҳматилло Зоийров, ки бо сафари корӣ дар Федератсияи Русия қарор дошт, баъд аз мусоҳиба бо телевизиони “Сафо” дар шаҳри Маскав мавриди латукӯб қарор гирифта бошад. Иттилои мазкур бардурӯғ буда, аҳволи Раҳматилло Зоиров хуб аст ва бе ягон мушкилӣ ба Душанбе баргаштааст.”
ҲСДТ таъкид дорад, чунин иттилои бардурӯғ бори аввал нест ва инро боз як навъи фишор ба Раҳматилло Зойиров дар остонаи интихоботи президентӣ донистан мумкин аст: “Пӯшида нест, ки ин як фишор аз ҷониби ҳарифони сиёсист ва аз эҳтимол дур нест, ки ин як огоҳӣ нисбат ба Зойиров аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |