Бахшҳо
23 окт 2013 14:08Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Талаби 8,5 соли зиндон ва таъхири эълони ҳукми "муллои ҷодугар"

Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз, 23-юми октябр, дар мурофиаи додгоҳӣ барои Асадулло Иброҳимов, як рӯҳонии тоҷик, ки давоми як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, 8 солу 6 моҳи зиндон талаб кардааст.

Асадулло Иброҳимов дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муттаҳам мешавад ва дар мурофиаи гузашта айби худро қисман эътироф намуд.

Исмоил Давлатов, додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раисикунандаи мурофиаи Иброҳимов ба “Озодагон” гуфт, айбдоршаванда худро қисман айбдор донист. Иброҳимов гуфтааст, он наворе, ки ахиран дар расонаҳо пахш гардидааст, он хонум ӯро маҷбур кардааст, ки ба амалҳои шаҳвонӣ даст занад. Додраси парванда гуфт, дар мурофиа ба сифати ҷабрдида як зан ва се шоҳид иштирок доштанд.

Айни ҳол дар додгоҳии ноҳияи Синои Душанбе, эълони ҳукм нисбати Иброҳимовро ба таъхир гузошта муайян намуд, ки он фардо, 24-уми октябр эълон мешавад.

Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонӣ, ки тайи як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дорад. Масъулони додгоҳи Сино дар суҳбат бо “Озодагон” паси дарҳои баста сурат гирифтани ин парвандаро ба он рабт доданд, ки гӯиё ҷабрдида намехостааст, ном ва симояш ошкор шавад. Ҳатто маъмурони пулис, ки дар саҳни ҳавлии Додгоҳи ноҳияи Сино буданд, нагузоштанд, хабарнигорон худи Асадулло Иброҳимовро низ аксбардорӣ кунанд.

Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист. Аммо наздикони Асадулло Иброҳимов, ӯро бегуноҳ медонанд ва баръакс худи он хонумонро муттаҳам медонанд.
Мӯҳр
Озодагон аз шумо эхтиромона хохиш мекунам у бадбахта бо хамун номеки дар матбуот ва шабакахои интернети мешиносанд (мулои чодуга) аслан у муло не у чодугар

Гунохи Асадулло дар он аст,ки у навси худро натавонист ба даст гирад,ва бо рохи осон худро ба чанголи ,шахсоне,ки зиди Дини Исломанд дар Чумхури мо инхо коркунони Хукумати мебошанд.(ба чи хотир онхо зиди Дини Исломанд коркунони Хукумати)?Барои он,ки ин наворо дар сомонаи Ютуб чой намедоданд,чун дар тамоми Олам шану ,шарафи як Асадулло намерезад,балки шану шарафи Милати Точики Мусулмон мерезад. Дар Ютуб наворе се-чор мох пеш, пахш шуда буд бо номи-истиние Таджики кто они. Сарояндаи туй гард,ки бо номи Хайриддини Бозор малум аст дар тамоми Чумхури,дар як туй дар назди кудакону,пиронсолон бо ракосахои фоишааш туйро ба майдони фоишагари табдил дода буд.Холо,ки ин хофизи дайду дар шабакахои телвизиони Чумхури баромадхам мекард.Коркунони Хизби Хукук шумо ,агар зиди Ислом мубориза намебурдед ин хофизи дайдуро ба Суд месупоридед. Чаро дар ингуна конуншиканихо шумо ба куру,кар мубадал мешавед? Намегуем,ки Асаддуло гунох надорад.Гунохи у набояд аз шаш ё як сол зиёд бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)