Бахшҳо

Муовини Ҳукумов: Мо аз Русия ҷуброн талаб хоҳем кард

Владимир Собкалов, муовини Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” таъйид намуд, ки воқеан ба қатори Тоҷикистон дар Русия аз тарафи миллатгароён ҳамла сурат гирифтааст.

Собкалов, имрӯз, 29-уми октябр, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, қатори мавриди ҳамла қароргирифта, айни ҳол дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон аст: “Баъди расиданаш ба Тоҷикистон мо ҳаҷми зарарро муайян карда аз роҳи оҳани Русия ва мақомоти умури дохилии ин кишвар таҳқиқу ҷуброни зарарро талаб хоҳем кард. Бо мусофирони ҷабрдида суҳбат хоҳем кард ва ҳаҷми зарари онҳоро низ муайян месозему ҷуброни онро талаб мекунем.”

Собкалов таъкид намуд, ки хисороти ин ҳамла шояд зиёд набошад ва гап сари он ҳам нест, вале ҳамла ба қатор ин зуҳуроти номатлуб аст ва бояд маҳкум шавад: "Мақомоти дахлдор онро бояд мавриди таҳқиқ қарор диҳаду аз такрори он ҷилавгирӣ кунанд."

Ин дар ҳолест, ки чунин зуҳурот метавонанд, боиси коҳиши теъдоди мизоҷони роҳи оҳани Тоҷикистон гардад.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шабохуни миллатгароён ба қатори хатсайри Маскав-Душанбе хабар дода, аз бефаъолиятии мақомоти дахлдори Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Тавре Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Озодагон” хабар дод, шаби 26-уми октябр, тақрибан соати 23:15 дақиқа, гуруҳи беш аз 20-нафараи афроди номаълум, бо симои славянӣ ва шиорҳои миллатгароёна ба қатори самти Маскав – Душанбе ҳамла намудаанд, ки дар натиҷа мусофирон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ба иттилои манбаъ ҳамлагарон тирезаҳои 7 вагони ин қаторро шикаста, ба он зарар расондаанд.

Сафорат аз он нигаронӣ дорад, ки пулиси маҳаллӣ ва кормандони роҳи оҳани Русия, ки зимни ин ҳамла дар ҷои ҳодиса ҳузур доштаанд, ягон аксуламале нишон надодаанд, то ин шабохун ҷилавгирӣ шавад: “Зиёда аз ин ду нозири амниятии роҳи оҳан дар вилояти Астрахан, ки бояд ин қаторро то сарҳади Русия ҳамроҳӣ мекарданд, дар баробари ҳуҷуми афроди номаълум бефаъолиятӣ нишон додаанд ва ҳатто ба мақомоти дахлдори Русия иттилоъ надодаанд.”

Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ниҳодҳои Русия талаб дорад, ки қазияи мазкурро мунсифона таҳқиқ намуда, зараре, ки ба корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” расонда шудааст, ҷуброн гардад.
Мӯҳр
Дилёб
Чаноби Владимир Собкалов маълум, ки шумо дар ин шабу руз "Эхтироми чор пиру чор тагбир" гуфта думболи кори Писари Хукумов бандед. Охир ивази чони хазорхо шахрвандони одди бо як фарзанди калонхо (Дар асл хашароти зараррасон )анана аст ку! Шумо аз кучо Расулчони эркаро монда дар саратон дарди мушкилоти хазорхо мухочири хамватанамонро чой медихед. О шумо дар ин сахифахо истода чикор мекунед? Равед боз аз макондани Расулбойшочон дер намонед. Равед ки хамин хозир гиряаш бисёр шудаги, сабил монад бо БМВ пашшахоро зада куштаву дасташ лат хурдас.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)