Ташвиши Убайдуллоев аз дискотекаҳо ва “хешутаборчигӣ”

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи шаҳрдорӣ марказҳои дилхушии шабона, ё худ дискотекаҳоро, ки то субҳгоҳон фаъолият мекунанд, мояи костагии фазои ахлоқӣ ва рахнаи арзишҳои миллӣ хонда, дастур додааст, назорати онҳо пурзӯр шавад.
Тавре Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ, ба “Озодагон” иттилоъ дод, Убайдуллоев сохторҳои шаҳрию ноҳиявиро дар камфаъолиятӣ муттаҳам карда, таъкид намудааст, ки “то ҳанӯз марказҳои алоҳидаи дилхушӣ хилофи регламенти Душанбе то субҳгоҳон фаъолият намуда, боиси косташавии фазои ахлоқӣ ва таблиғи арзишҳои номатлуб миёни ҷавонон мегарданд.”
Убайдуллоев ба қудратиҳои Душанбе дастур додааст, ки бо қонуншиканиҳои марказҳои дилхушӣ муросо накунанд ва нисбати хилофкорон чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро шадидан татбиқ созанд. Раиси Душанбе аз сокинони пойтахт ва воситаҳои ахбори омма даъват кардааст, ки ба мубориза алайҳи қонуншиканиҳои соҳибони марказҳо ва рафторҳои номатлуби ҷавондухтарону писарон дар марказҳои дилхушӣ ворид гарданду аз чунин ҳолатҳо оҷилан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сомонаи шаҳрдорӣ хабар диҳанд, то дар пойтахт фазои солими ахлоқӣ ва арзишҳои миллӣ ҳифз шаванд. Барои татбиқи пурраи ин дастурот ва реҷаи фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ Убайдуллоев ба муовинаш, Б. Назаров то 1 январи соли 2014 муҳлат дод.
Ба иттилои Шавкат Саидов, раиси Душанбе инчунин аз риоя нашудани қонуни танзими расму ойин дар баргузории тӯйю маъракаҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Убайдуллоев барои пешгирии фасодкорӣ дар сохторҳои шаҳрӣ ба додситонӣ дастур додааст, ки сохторҳои шаҳриро аз назар гузаронанд, то роҳбарон хешу таборонашро дар мансабҳо таъин накунанд.
Инчунин Убайдуллоев ба масъалаи берун кардани чорвои калон аз қаламрави Душанбе дахл карда, дастур додааст, ки барои дастрасии сокинон бо шир ҳамарӯза аз соати 6 00 то 9 00 ва аз соати 18 00 то 20 00 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт “Комбинати шири Душанбе” бо нархи 3,5 сомонӣ шири пастеризатсияшударо ба фурӯш гузорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |