Таъмири “Мадрасаи кӯҳна”-и Ҳисор бо 72 000 $-и Амрико (АКС)

Амрико барои таъмиру бозсозии “Мадрасаи кӯҳнаи Ҳисор” беш аз 72 ҳазор доллар ихтисос додааст. Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, рӯзи 29 октябр гуфт, корҳои барқарорсозии мадраса то ҷашни 3 000-солагии шаҳри Ҳисор ба итмом хоҳад расид, ки моҳи сентябри соли 2015 баргузор мешавад.
“Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор як осорхонаи беназири таърихӣ, меъморӣ ва археологӣ мебошад. Ин ҷой дар муддати даҳсолаҳо ҳамчун ҷои таҳсил, ибодат на танҳо барои мардуми тоҷик, балки ба сайёҳони хориҷӣ, ки ба Ҳисор сафар намуда ба таърихи нодири қадимаи ин минтақа аз наздик ошно мешаванд, нақши асосиро мебозад”,-афзуд сафири Амрико.
Музаффар Азизов, сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “ин ҳамааш таърихи мост. Айни ҳол қалъаи Балҷувон ва Мӯъминобод барқарор мешавад. Умуман ин сайъу кӯшишҳо барои он равона мешавад, ки мардуми мо аз таърихи худ бохабар бошанд. Мо мумкин тамоми қалъаро сохта натавонем, аммо бояд як қисми онро барқарор кунем, ки насли имрӯза бинанд, гузаштагони мо чигуна иншоот сохта буданду дар онҳо зиндагӣ мекарданд. Тамоми иншооти қадимаи мо аз сафедгил сохта шуда буд ва то ҳол ками онҳо боқӣ мондааст.”
Дар ҳамин ҳол, сафорати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, як лоиҳаи дигареро барои тармиму таҷдиди мадрасаи таърихии Мирраҷаби шаҳри Конибодоми вилояти Суғд амалӣ хоҳад кард. Ин мадраса дар нимаи дувуми асри 17 бо ёрии ҳунармандони маҳаллӣ бунёд шудааст. Лоиҳа, ки беш аз 79 ҳазор долларро дарбар мегирад, таъмири девору боми бино ва таъмини таҷҳизоти замонавиро дар назар дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |