Ҷонибдории коммунистҳои Маскав аз номзадии Талбаков

Бахши шаҳрии Ҳизби коммунисти Русия дар Маскав аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки дар интихоботи президентии 6 ноябр аз Исмоил Талбаков ҷонибдорӣ кунанд. Исмоил Талбаков, ки симати муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро бар дӯш дорад, аз тарафи ин ҳизб ба мақоми президентӣ дар интихоботи президентӣ пешбарӣ шудааст.
Ин ҷиноҳи Ҳизби коммунисти Русия дар изҳороти худ, ки рӯзи 1 ноябр нашр гардид, Исмоил Талбаковро раисиҷумҳури арзандаи қишри меҳнатдӯсти тоҷик хонда, хостааст, то дар рӯзи интихоботи президентӣ ба ӯ овоз диҳанд.
Дар ин изҳорот, аз ҷумла омадааст: “Бо таваҷҷуҳ ба ин маъракаи муборизаи мусоламатомез-интихоботи президентӣ аз ҳамаи Шумо хоҳиш мешавад, ба хотири мубориза барои ҳукумати Шӯравӣ, рушди давлати Иттиҳоди Шӯравии пешин ва бунёди дубораи он аз ин фурсат истифода карда, дар ҷараёни интихобот фаъолона иштирок ва ба номзади арзандаи хеш Исмоил Талбаков овоз диҳед.”
Инчунин дар идома аз ҳаёти мардуми тоҷик дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфта мешавад, ки мардуми тоҷик аз ҳаққи доштани як зиндагии осоиштаи башарӣ “маҳрум” гардида, ба хотири ёфтани қути лоямути хешу пайвандонаш водор мешавад, то бо қасди кишварҳои бегона аз ватан берун шавад: “Бо вуҷуди ин дар Русия, ки ҳар як фарди 7-уми тоҷик ҳоло дар инҷо ба сар мебарад, сокинони муқимӣ бо онҳо ҳамчун ғулом муносибат мекунанд. Аксари Шумо, ки дорои маълумоти олӣ мебошед, дар инҷо бо рондани мошинҳои боркашу корҳои сохтмонӣ машғул ҳастед.”
Бахши шаҳрии Ҳизби коммунисти Русия мегӯяд, ин раванд на танҳо ба сармоядорони рус хуш меояд, балки тибқи мароми ҳукумати феълии Тоҷикистон низ ҳаст: “Шумо бо ин меҳнати “ғуломона”-и худ ҳудуди 35-40 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳед, ки аз он танҳо мансабдорони феълии тоҷик баҳра мебаранд.”
Дар охир Ҳизби коммунисти Русия даврони Шӯравӣ ва ҳамватан будан бо тоҷиконро дар гузашта ёдовар ва гушзад карда, афзудааст, ки аксарияти Шумо дастпарвардаи даврони Шӯравӣ ҳастед ва хуб медонед, ки читавр мо якҷоя ватани хеш-Иттиҳоди Шӯравиро бунёд ва ҳифз карда будем. Ватане, ки рушду пешрафти ҳамаҷонибаи ҳар як шаҳрванд вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимми мақомоти давлатӣ ва ҳукумат буд: ” Аз ин рӯ мебояд, ки мавқеи шаҳрвадии худро равшан карда, дар ҷараёни интихобот фаъолона иштирок ва ба номзади арзандаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон овоз диҳем.”
Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳоло номи 6 довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ маълум шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, яке аз онҳост.
Исмоил Талбаков, ки айни ҳол вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси Ҳизби коммунист мебошаду аз тарафи ин ҳизб номзад ба мақоми президентӣ дар интихобот пешбарӣ шудааст, барои бори дувум ба дарёфти курсии президентӣ вориди рақобат мешавад. Вай соли 2006 бо Эмомалӣ Раҳмон, Абдуҳалим Ғаффоров, Олим Бобев ва Амир Қароқулов вориди корзори интихоботи президентӣ шуда, аммо натавониста буд раъйи кофӣ ба даст биёварад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |