Сафари як ҳайати ҲНИТ барои дидани Умедҷон Тоҷиев ба Исфара

Масъулони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ҳизби умдаи мухолиф, як ҳайати худро барои ошноӣ бо вазъи сиҳҳат ва қазияи Умедҷон Тоҷиев ба шаҳри Исфара фиристодааст. Муҳаммадкарими Орзу -- муовин ва Зарафо Раҳмонӣ -- мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ ба ҳайати эъзомшудаи ин ҳизб ба Исфара шомил будаанд.
Умедҷон Тоҷиев, ки узви ҲНИТ аст, рӯзи 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боздошт ва рӯзи 2 ноябр бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст. Мақомот гуфтанд, Умедҷон Тоҷиев аз ошёнаи севуми бинои Шӯъбаи умури дохилии Исфара худро ба зер афканда, ба ин тартиб, мехост аз боздошт фирор кунад. Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, дар торнамои расмии ин ҳизб қазияи Умедҷон Тоҷиевро “сиёсӣ” хондааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як хабари расмӣ гуфта, ки ҳоло нисбат ба Тоҷиев бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ парванда боз шудааст. Умедҷон Тоҷиев соли 2009 низ аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуда, вале ба далели бегуноҳияш озод гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |