Овоздиҳии Эмомалӣ Раҳмон махфӣ мегузарад?
Овоздиҳии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, дар интихоботи 6 ноябр бе ҳузури хабарнигорон доир хоҳад шуд. Манобеи “Озодагон” мегӯянд, ҳатто ин дафъа расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ, барои сабти ҷараёни овоздиҳии оқои Раҳмон даъват нашудаанд.
Бино бар иттилои як манбаъ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи гузаштаи президент онҳо бо дастури махсус расонаҳо ва хабарнигоронро даъват мекарданд: “Аммо ин дафъа президент кай овоз медиҳад, дар куҷо овоз медиҳад ва соати чанд ва хабарнигорон даъват мешаванд ё на, мо ҳеч дастуре нагирифтаем. Барои мисол, дар интихоботи соли 2006 мо ҳамин корҳоро анҷом дода будем.”
Манбаъ мегӯяд, то ба ҳол сабабҳои аслии ироа нагардидани чунин дастур номаълум буда, ба ҳар сурат масъулони дастгоҳ то шоми 5 ноябр мунтазири гирифтани чунин як дастур хоҳанд нишаст. Дар интихоботҳои гузашта Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, маъмулан дар ҳавзаи раъйдиҳии 53-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт овоз дода, чанд рӯз қабл аз интихобот хабарнигорон ба он ҷо даъват мешуданд. Оқои Раҳмон ҳоло барои бори чорум аст, ки барои дарёфти курсии президентӣ талош мекунад. Вай дар се интихоботи гузаштаи президентӣ бар рақибонаш дастболо шуда, беш аз 20 сол боз зимоми қудратро дар даст дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |