Қирғизистон: Марзбонони латукӯбшудаи тоҷик гунаҳгор буданд

Қирғизистон қазияи лату кӯб шудани марзбонони тоҷик аз сӯи сокинони деҳаи “Қоқ-Тош”-и вилояти Бодкандро шарҳ дода, дар он ҷониби Тоҷикистонро абйдор кард.
Токон Мамедов, ноиби сарвазир ва вазири мудофиаю амнияти сарҳадоти Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодиса марзбонони тоҷик гунаҳгоранд, ки ғайриқонунӣ марзи ин кишварро убур кардаанд. Ноиби сарвазири қирғиз аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ин бори аввал нест, марзбонони тоҷик ғайриқонуни вориди қаламрави ин кишвар мешаванд.
Ӯ ҳодисаи ахири вуруди марзбонони тоҷик ба маҳаллаи “Катта-Туз”-и вилояти Бодкандро ёдовар шуда, гуфтааст, Бишкеку Душанбе ба тавофуқ расида буданд, ки то хатти марз миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон аломатгузорӣ нашавад, касе ҳақ надорад, вориди хоки ин кишвар шавад.
Мамедов гуфтааст, дар қазияи лату кӯби марзбонони тоҷик аз сӯи сокинони деҳаи “Қоқ-Тош” афсарони хурд ва сардорони шуъбаи марзбонии ҷониби Тоҷикистон гунаҳгор мебошанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо дар рафти назорат болои зертобеонашон саҳлангорӣ менамоянд: “Онҳо дар иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аскарони худ сустӣ менамоянд.” Муовини сарвазири Қирғизистон изҳор намудааст, ки масоили марзӣ бисёр ҳассос буда, набояд ба ингуна бархурдҳо роҳ дода шавад.
Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз Вазорати умури дохилии Қирғизистон таъйид намуда буд, ки мошини ҳомили марзбонони тоҷик дар вилояти Бодканд ҳадафи ҳамлаи шаҳрвандони масти қирғиз қарор гирифтааст. Ба иттилои ин ниҳод дар деҳаи “Қоқ-Тош”-и вилояти Бодканд, ҳангоми қайди тӯйи арӯсӣ, меҳмонон миёни ҳамдигар ҷанг шуда, як тӯдаи онҳо ба мошине, ки ҳомили марзбонони тоҷик будааст, дарафтодаанд. Манбаъ гуфт, шаҳрвандони масти қирғиз марзбононро латукӯб намуда, шишаи мошини онҳоро шикастаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |