Паёми амир ва нахуствазири Қатар ба Эмомалӣ Раҳмон

Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ – амири Қатар бо ирсоли паёме Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои бори чаҳорум ба курсии президентӣ дар Тоҷикистон такя зад, табрик гуфтааст.
Дар ин бора Оҷонсии миллии иттилоотии Қатар рӯзи 7 ноябр хабари расмӣ пахш кард. Ин оҷонсӣ гуфт, Шайх Абдулло ибни Носир Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар, низ ба оқои Раҳмон паёми табрикотӣ ирсол намудааст. Давлати Қатар дар ҳоли ҳозир дар Душанбе бунёди як шаҳракеро бо номи “Диёри Қатар” оғоз карда, барои сохтмони масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон низ 70 миллион доллар сармоя ҷудо намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 6 ноябри соли ҷорӣ бар панҷ рақибаш аз Ҳизби коммунист, Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалист, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ пирӯз омад. Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ки рӯзи 7 ноябр натиҷаҳои аввалияи интихоботи президентиро эълон мекарданд, гуфтанд, оқои Раҳмон 83,6 дарсади раъйи интихобкунандаҳоро ба даст овардааст. Дар ҳоле ки ба иттилои онҳо, рақибони пешсафи ӯ натавонистаанд аз панҷ дарсад бештар раъйи сокинонро соҳиб шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 дар Иҷлосияи 16-ум дар Хуҷанд раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда, баъдан дар интихоботҳои президентии соли 1994, 1999 ва 2006 низ пирӯзӣ ба даст оварда буд. Дар маҷмӯъ вай 21 сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад ва дар ҳафт соли дигари ҳукуматдорияш ин ҳисоб ба 28 сол баробар хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |