Мақомоти давлатӣ барои ширинӣ ва чой миллиард танга масраф кардаанд
Ҳаҷми масрафоти давлатӣ барои харидории ширинӣ ва чой дар мақомоти давлатии Қазоқистон аз аввали соли равон ҳудуди миллиард тангаро ташкил додааст,-хабар медиҳад шабакаи телевизионии “Остона”.
Ба иттилои манбаъ, барои харидории шоколад, зефира, қанд ва шириниҳои шарқӣ аз буҷаи муассисот 634 миллион танга ҷудо шудааст. Барои хариди чой бошад, 320 миллион тангаи дигар ихтисос ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, шабака хабар додааст, ки баъд аз роҳандозии низоми электронии масрафоти давлатӣ давоми нуҳ моҳи соли равон давлат наздики 37 миллиард танга сарфа кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |