Ҳимояти ташаббускорони “Ампаро” аз Абдумалики латукӯбшуда

Ҳуқуқшиносон аз гурӯҳи ташаббускори “Ампаро” қарор кардаанд, ҳуқуқҳои Абдумалики Абдурасул, ки ахиран “облава” шуда, мавриди латукӯб қарор гирифтааст, ҳимоят кунанд.
Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси гурӯҳи “Ампаро”, имрӯз, 11-уми октябр, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Абдурасул Сатторов падари Абдумалик розӣ шудааст, ки ин гурӯҳи ташабускор ҳуқуқҳои писарашро ҳимоя кунанд: “Падари Абдумалик 25-уми октябр ба прократураи ҳарбии шаҳри Душанбе дар мавриди латукуби писараш мактуб карда буд, вале то ҳол ҷавоби онро нагирифтааст. Имрӯз мо рафта мефаҳмем, ки прократураи ҳарбӣ чӣ ҷавоб додааст. Агар даъворо рад намуда бошанд, боз мо такроран аризаи даъвогӣ менависем”.
Абдурасул Сатторов, як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз латту кӯб шудани писари 22-солаи маъюбаш аз сӯи кормандони яке аз комиссариати ҳарбии пойтахт шикоят дорад. Вай мегӯяд, рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ шаш тан аз кормандони яке аз комиссариати ҳарбии Душанбе, дар наздикии масҷиди маъруф ба “Мехкалон”, ҳангоми даъвати маҷбурӣ ё “облава” писараш – Абдумаликро шадидан зери зарбу шатта қарор додаанд.
Акнун ин қазияро ташаббускорони гуруҳи “Ампаро” зери назорат гирифтаанд. “Ампаро” дар гузашта як созмони маъруфи ҷамъиятӣ буд, ки ба ҳифзи ҳуқуқи наваскарон ҳангоми даъвати ҳарбӣ машғул буд, аммо охири соли гузашта аз ҷониби додгоҳ бо дархости раёсати адлияи Суғд баста шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |