Бахшҳо
11 ноя 2013 11:11Тоҷикистон / Сиёсат

Моҳи ноябр ним шуд, Ҳасани Рӯҳонӣ кай ба Тоҷикистон меояд?

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Ҳасан Рӯҳонӣ -- раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон, ҳоло ба Тоҷикистон намеояд.

Як манбаъ аз вазорат дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, сафари Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон кай сурат мегирад, маълум нест. Ба гуфтаи ӯ, дар ин бора ҳоло аз сӯи Теҳрон ҳам пешниҳоде нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати кишвар аз анҷоми сафари раисиҷумҳури нави Эрон ба Тоҷикистон дар ибтидои моҳи ноябр хабар дода буданд. Сарусадоҳо атрофи боздиди Рӯҳонӣ аз Душанбе дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ аз сӯи ҳукумати Эрон сармоягузорӣ мешаванд. Ба эҳтимоли қавӣ, дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон масоили сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани нақби “Истиқлол” ва агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ба баррасӣ гирифта шавад.

Агрегати 2-юми “Сангтӯда-2” қарор буд дар ибтидои соли ҷорӣ ба кор дарояд. Вале ба далели пурра омода набудани ин агрегат он ба таъхир гузошта шуд. Соҳибназарон мегӯянд, сабаби ба таъхир афтодани баҳрабардорӣ аз агрегати 2-и “Сангтӯда-2” метавонад, қарзҳои пардохтнашудаи ширкати “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳ бошад. Дар нимаи аввали соли 2013 қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ба 86 миллион сомонӣ ё худ 17,9 миллион доллар расидааст.

Инчунин бояд қайд намуд, ки баъд аз ба анҷом расидани ваколати дипломатии Алиасғари Шеърдуст, сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз сӯи Теҳрон ба ин мақом касе таъйин карда нашудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)