Тағйироти кадрӣ дар Вазорати кишоварзӣ бо дастури президент
Қурбонгулӣ Бердимуҳамммадов, раисиҷумҳури Туркманистон Муродгул Отаев, муовини вазири кишоварзии кишварашро ба истеъфо фиристодааст.
Ба иттилои торнамои расмии ҳукумати ин кишвар, муовини вазири кишоварзии туркман ба хотири аз уҳдаи вазифааш набаромадан, барканор шудааст. Манбаъ мегӯяд, бо фармони дигари раисиҷумҳури Туркманистон Яғмир Оразов ба ҷои Отаев ба мансаби муовинии вазири кишоварзӣ таъйин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Бердимуҳаммадов ахиран полковник Тувакмурод Шириев, муовини сардори Хадамоти давлатии марзбони кишварашро барои “роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар кор” аз вазифа озод карда буд. Ба иттилои манбаъ, бо як фармони дигар Бердимуҳаммадов подполковник Даврон Егенмирадовро муовини сардори Хадамоти давлатии марзбонӣ таъин кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |