Бахшҳо

Восеъ: 58 омӯзгор намерасад, 10-мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад

Бунёди биноҳои иловагии таълимӣ дар 5-мактаби ноҳияи Восеъ дар назар аст.

Ба иттилои Маҳмадёр Давлатёров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия, маблағгузории сохтмони мазкур аз ҷониби Бонки рушди Осиё ва вазорати маорифи ҷумҳурӣ  роҳандозӣ мешавад.

Номбурда аснои сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» гуфт, дар ҳамаи ноҳия 71-мактаб фаъолият дошта, дар он беш аз 40-ҳазор хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд.Аммо аксари ин макотиб ҷавобгӯи талаботи имрӯза нестанд. Давлатёров афзуд, 45-мактаб бо шароити маҳаллӣ, яъне биноҳои гилин, 8-мактаб бо сохти финӣ сохта шуда, 14-синфхонаи дигар дар вагон-хонаҳо ҷойгир мебошанд. Ҳамчунин 10-мактаб дар ҳолати садамавӣ буда, 15 мактаби дигар мӯҳтоҷи таъмири асосоианд.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маориф, хуб мебуд агар сохтмони мактабҳоро ба зиммаи сохтмончиёни маҳаллӣ мегузоштанд. Дар баъзе маврид корхонаҳои сохтмонии беруна дар бунёди мактабҳо коҳилӣ мекунанд. Соле пештар як ташкилоти хориҷӣ бо номи «Вдохновение», аз ҷумҳурии Қазоқистон, дар Восеъ сохтмони як мактабро бо  бунёди 21-синфхона ба ӯҳда дошт. Сохтмончиён ҳамагӣ нимтаҳкурсии иншоотро ба анҷом расонидаву дигар тамоман ғайб заданд.

Дар ҳоле, ки сар аз соли 2014-ум тибқи нақшаи вазорати маориф дар ҷумҳурӣ низоми нави таҳсил (12-сола) роҳандозӣ мегардад, шароити таҳсил дар макотиби ноҳияи Восеъ ҷавобгӯйи талабот нест. Гузашта аз ин, дар ҳудуди ноҳия 58-муаллими касбӣ намерасад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)