Бахшҳо
13 ноя 2013 17:13Тоҷикистон / Сиёсат

Адвокат: "Бадани Умедҷонро бо латтаи тар печонда, баъд барқ гузоштаанд"

Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев – сокини шаҳри Исфара ва узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешавад, танҳо пас аз 11 рӯзи боздошташ тавонист бо ӯ дидор кунад.

Оқои Дониёров дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ин дидор соати сеи баъд аз зӯҳри 13 ноябр сурат гирифта, вазъи нафари таҳти ҳимояташ вахим аст: “Ҳарду пои Умедҷон Тоҷиев шикастааст ва роҳ гашта наметавонад. Ӯро барои вохӯрӣ маъмурони СИЗО (боздоштгоҳи муваққат) болои занбар ба назди мо оварданд.”

Ин вакили мудофеъ афзуд, Умедҷон Тоҷиев ҳама гуна иттиҳомоти мақомот дар баробари худро рад карда, гуфтааст, дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара маҷбур шуд, худро аз ошёнаи севум ба зер партояд. “Тоҷиев дар тӯли чиҳил дақиқаи сӯҳбат, ки мо доштем, борҳо такрор кард, ки ӯро заданд. Тӯли чанд шабонарӯз дар Шӯъбаи умури дохилии Исфара истинтоқ намуданд. Аъзои бадани ӯро бо латтаи тар печонда, аз болояш нерӯи барқро пайваст кардаанд, то изи он дар баданаш намонад”,-таъкид кард вакили мудофеъ.

Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, ҳамагӣ чанд рӯзи пеш аз беморхонаи Исфара ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол ёфт. Ӯ 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, баъдан ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ айбдор гардид. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.

Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабар аз барканории чанд тан аз кормандони пулиси Исфара дар робита ба ин қазия хабар дод. Масъулон ин ниҳод гуфтанд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тоҷиев худро аз тирезаи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда ва маҷруҳ кунад.
Мӯҳр
Вой ба ҳоли мардyми мазлуми Тоҷик. Магар ин амали ваҳшиёнаашон мутобиқи ягон қонyни башари бошад? Инқадар зyлмy ситам ки ҷавонҳо барои раҳо шyдан хатто худро тумаи марг месозанд. Магар президенти кишвар ин ваҳшигарии пулисҳои моро намедонад, магар вазири дохила аз бадтафтории кормандони худ огаҳи надорад? Президент ва раҳбарони кишвар бояд бидонанд бо низоми зyлм ва истибдод сирфy сирф худ ва давлати хyдро ба нокоми наздик месозанд. Қалбҳои мардyмро бо хидмат ба онҳо бадаст бояд овард на ки бо занадy таҳдидy кyштани шаҳрвандон.

Вой бар холи ин миллати хору залил,бе пушту панох,мазлум,овораву сарсон,бе хукук.

Хонанда
Усулхои бобои Сталинашонро истифода мекардаанд гуед.

Чаро сардори шуъбаи корҳои дохилии Исфара, ки фармондиҳандаи ин қазия аст ва аз ноӯҳдабароии ӯ ( ё ба фармони ӯ) кормандонаш ба ҷисми бечораи Умедҷон барқро пайвастаанд, аз вазифа озод намешавад ва ҷазо намебинад?
Агар вазири корҳои дохилӣ воқеан шахси масъули вазифаи худ ва соҳибвиҷдон бошанд, ба ин савол ҷавоб диҳанд!

уро партофтан наинки худаш паридааст .

teroristhoro az in badtar mekunand.

Точик
Магар ин чиноятро танхо бо озод кардани факат чанд корманд мешавад рупуш кард, магар шумо нагуфта будед, ки у худашро партофтааст, аммо холо маълум шуд, ки бале у худро партофтааст, аммо то ончо уро шиканча кардед ки у хатто мурданро кабул кардаасту дар дасти шумо шиканча шуданро не. То кай ин тухматхо идома мекарда бошад, то кай ин точикгуломкуни бо дасти точик идома мекарда бошад? Наход ин мардум сохиб надошта бошанд? Чаро ба ин чиноятхо касе посух намедихад?

бандаи Худо
Парвардигоро тух,матгаронро бар тухмати худ гирифтор кун!
Чохканхоро бар чох,и худашон бияфкан !

Саёди Сайд
Битарс аз холи мазлумон, ки хангоми дуо кардан, Ичобат аз дари хак бахри истикбол меояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)