Бахшҳо

Маслиҳати ҳизби М.Кабирӣ ба ҳукумати нави Э.Раҳмон

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) интихоботи президентии 6 ноябрро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, ғайридемократӣ, ношаффоф ва бидуни рақобати ҳақиқӣ дониста, рақамҳои эълоншударо дур аз воқеъият хонд.

Ин шӯро рӯзи 13 ноябр дар ҷаласаи ахири худ марҳалаҳои гуногуни интихоботи президентиро ба баррасӣ гирифта, бо пахши як баёния мавқеи худро равшан кард. Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ, аз ҷумла омадааст, ки интихоботи президентии 6 ноябр бори дигар муайян сохт, ки дар ҳокимияти имрӯза иродаи сиёсии баргузор кардани як интихоботи шаффофу озод вуҷуд надорад.

Шӯрои мазкур мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон медонист, ки дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва динӣ муваффақ нашудасту боварии мардумро аз даст додааст, ва аз ин рӯ, баргузории як интихоботи нисбатан озодро ба нафъи худ надонист: “Бо роҳандозии иқдомҳои ғайри қонунӣ, заминаро аз қабл барои баргузории як интихоботи берақобат ва ғайришаффоф омода сохт.”

Шӯрои сиёсии ҲНИТ илова намудааст, ки ҳар чанд баргузории интихоботи ғайридемократию ношаффоф як ноумедиеро миёни мардум ба вуҷуд овардааст, вале ҳукумати нави Тоҷикистон ҳанӯз ҳам барои ба даст овардани эътимоду боварии мардум фурсат дорад, агар барномаи ислоҳотии зеринро иҷро намояд:

- Ҷалб намудани кадрҳои ҷавонтари технократ ва додани салоҳиятҳои бештар ба Сарвазир ва аъзои ҳукумат;

- Ташкили комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ барои омода кардани консепсияи ислоҳоти конститутсонӣ дар кишвар;

- Омода кардани фазои муносиб барои интихоботи озоду шаффофи парлумонӣ дар 2015;

- Даст кашидан аз фишору таъқиб нисбати ҳизбҳо ва шахсиятхои мухолиф;

- Қатъ кардани ҳамаи паравандаҳо нисбати афроди дигарандеш;

- Даст кашидани президент аз узвияти ҳизби сиёсӣ дар давраи фаъолияташ, ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон;

- Қатъ намудани таблиғот алайҳи қишри руҳонияти кишвар ва даст кашидан аз истифодаи иттиҳодияҳои динӣ бо ғаразҳои сиёсӣ;

- Баргардонидани фазои муколама ва барқарор сохтани рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа ва эҷоди фазои солими рақобат байни андешаҳо ва нерӯҳои сиёсиву иҷтимоъӣ;
Мӯҳр
Точик
Ин хизби нахзати исломист, на хизби Кабири. Кабири як одамест, ки имруз ё фардо меравад, аммо хизби боки мемонад.

Abdullo
oghoi Kabiri va hizbash niz az mahbubiyati mardum dur shidan hato az mukhlishoi Nahzat ki mardumi soda va mutadayin niyati kholis doshtan az in hizb ru gardondan sababash Oghoi Kabiri va az siyosat gurekhtan az dur suhbat kardan ast

изатуллох
Ин Хукумат аз ингуна пешниходхо алергия дорад у кушишдорад ки чигуна боз хукуки диндоронро махдуднамояд ба чои озодиаш

Илхом
ХНИТ-БА ГАП НЕСТ...

Мухтарам Кабирй ва Ко. Мерасад рузе, ки хамчун мусалмони хакикй ракиби худ ▲(холо Эмомалй Рахмон)-ро мардона кабул намоед? Шумо ягон маида аз кучаи мусалмонй нагузаштаед. Агар ха, пас бохтатонро эътироф кунеду дарпаи мувафакиятхои навбатй бошед. Чаро дар дигар давлатхои абаркуюрат ракибони худро табрик мегуянду дар мо аз таги нохун чмрк мекобанд. Медонедбарои чй?! Чунки мо мусалмони комил нестем!!!! Хайфи мо. Хамин аст ки мардум бештар майл ба динхои дигар доранд.

Худо насиб кунад ки авал коре ки мекунан масчити "Мухаммадия"кушоянд

Журналист
ХНИТ интизор буд, ки гуё баъди галабаи РАХМОН муковимат мешавад, амммо нашуд.Умуман ХНИТ дигар хаки хизб будан надорад, вакте раиси он аз интихобот тарсида фирор мекунад. Дид ки хама ороми баргашт.Як мох пеш сафари уро ба Туркия медидед богочош мисли гурезахои солхои навадум ба АФгонистон калон ва бисёр буд.!!!!

Огои Кабири, шарм хам бисер чизи хубаст барои инсон!! Агар Шумо бохтед аз ин нахаросед. Ин бохти Шумост, Шумо ва Шумо баринхоро халк, миллат написандид ва кабул нанамуд ва Шумо интихоботро нагузаштед!!! Пас барои чи аз дур истода сафсата мегуед??? Бигузоред, ки халки точик дар тинчиву амони зиндаги намояд!!!! Ба мисли Атовуллову, Зоирову, Бобоназарова калам ба даст гирифта харруз дар рузномаву мачала бар зидди халку миллат игвоангези нанамоед!!!!!!!!!

intixobot ozodu shafof bud.xalk ozod rafta ba rahmon ovoz dodand.nafarone ki ba in 5-nomzad ovoz doda budand az sari nav ovozashonro ba rahmon dodand.in hizbhoi muxolif nest karda basta shavad.mo bezorem az shumo baxelonu hasudxuronu jangdoz.

Чаноби Кабири ва аъзоёни шурои сиёсиат капи шумою ... гуфти русхо баъди сухтор.........

Кабири нашиди кати ХНИТ, биё салафи шав. Эрон-кати нашид, бчаспон Араб-кати. фаркуш чи ки аз кучо сум мегири.

донишч,у
Эй дуст сабур бош, ки Аллох, акбар аст,
душман агар кавист, нигахбон кавитараст.

Man ba KABIRI YAK SAWOL DORAM!!!
Agar Shumo prizedent meshuded, davlatro ISLOMI mekarded yo NE ???

Yстод моро шарманда кардед, ҳамаи онҳои ки шyмо ба онҳо етимод доред ва дар тими хyд ва гирди хyд ҷам кардед фақат ва фақат зоҳиран худро мусалмон нишон медиҳанд вале дар асл корҳои ғайри исломи ва рафторашон ҷyз дур кардани мардум аз ин ҳизб равона шyдаст. Шyморо намедонам вале базеҳоро мешиносам ки дар ҳизби шyмоянд дар ҳизби исломи вале амалашон зидди ислом.Онҳо ба шyмо хушомадгуи мекунанд, дасти шyморо мебyсанд то аз фурсат истифода бyрда бо номи Наҳзат зиндагии хyд ва атрофиёнашонро ба пеш баранд. Фикр мекунам ин бадбахтҳо ҳатто намехоҳанд Наҳзат қави бошад чyн аз инсонҳои бо истедод ва боилмy кордон нафрат доранд. Тими лаганбардор ва пастро дар гирди хyд ҷам мекyнанд то бадан ҳар бадбахтие хоҳанд кардан гиранд. Бовар кyн yстод ва бародар шyморо бахотири Ислом ва миллат дуст медоштам вақте шyмо ва тиматон барои миллатy ислом кор намекунед чи ҷои дустдории шyмо мемонад. Барои мо сиёсатат ки сирф барои сиёсат кардан истифода бурда мешавад, сафарҳои пурхарҷ ва суханҳои осмони, лобосҳои рангобаранд, ва шимy кастyми шик бакор нест. Чи гуям охир хаста шyдам аз ин зоҳирпарасти аз сyханҳои сеҳромезy бидуни амал.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)