Чаҳор мадрасаи расмии динӣ дар шимоли Тоҷикистон аз фаъолият бозмонданд.
Гуфта мешавад, як чунин таълимгоҳҳои динӣ, ки дар навоҳии Ашт, Масчои Кӯҳӣ, Ҷаббор Расулов ва Масчо фаъолият мекарданд, бо сабаби пешниҳод накардани санадҳои аз нав бақайдгирӣ фаъолияти онҳо аз сӯи шӯъбаи дини ҳукумати вилояти Суғд манъ карда шудааст. Маҳкамбой Миркамолов, мутахассиси шӯъба оид ба корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд зимни тайиди ин хабар ба «Озодагон» гуфт, камбуду нуқсонҳое, ки дар ҳуҷҷатгузории ин мадрасаҳо мушоҳида шудааст, боиси масдуд ва ё аз фаъолият боз доштани онҳо шудааст.
Миркамолов мегӯяд, дар сурати дуруст пешниҳод кардани ҳуҷҷатгузориҳо, фаъолияти ин мадрасаҳо идома пайдо хоҳад кард. Дар соли 2010 дар шаҳру навоҳии қаламрави вилояти Суғд нӯҳ мадрасаи мутавасситаи расмии динӣ фаъолият менамуд, вале бо таъсиси Кумита оид ба корҳои дин дар назди ҳукумати кишвар, ки аз рӯзи таъсисёбиаш вокунишҳои зиёдеро аз сӯи рӯҳониён ба бор оварда буд, ҳоло ҷаҳор мадраса дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан амал мекунанд. Як мадрасаи дигар дар ноҳияи Б. Ғафуров бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар арафаи азнавбақайдгирӣ буда, қарор аст рӯзҳои наздик ба фаъолияти худ шурӯъ кунад-афзуд манбаъ. {jathumbnail off}
Мӯҳр