Украина мехоҳад мизбони Олимпиадаи зимистона бошад... Дар соли 2022
Украина барои мизбони Бозиҳои олимпии зимистона шудани шаҳри Лвов дар соли 2022 дархост фиристодааст. Дар ин бора “Интерфакс” аз қавли Александр Вилкул, ноибпрезиденти ин кишвар хабар медиҳад.
Украина гуфтааст, омодааст барои баргузории ин олимпиада 22-25 миллиард гривен, муодили 2,7-3 миллиард доллар масраф кунад. 70 дар сади ин маболиғ аз ҳисоби буҷа ихтисос меёбад. Гуфта мешавад, 30 фисади дигарро соҳибкорони инфиродӣ хоҳанд пардохт.
14 ноябр муҳлати пешниҳоди дархост барои мизбони Бозиҳои олимпии соли 2022 ба анҷом расид. Имрӯз Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) расман номгӯи шаҳрҳоеро, ки барои баргузории ин мусобиқот талош мекунанд, нашр хоҳад кард.
Қаблан, барои мизбонии Олимпиада-2022 шаҳрҳои Алмаато, Стокголм, Осло, Пекин, Ҷантсзякоу, Краков ва Ясна дархост фиристода буданд.
Макони баргузории Олимпиадаи зимистона 31 июли соли 2015 маълум мешавад. Аммо наздиктарин Бозиҳои зимистонаи олимпӣ соли оянда дар Сочи мегузарад. Соли 2018 Пхенчхани Корея мизбони Олимпиада хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |