"Чаро ҷинояти фарзанди мансабдорон бе ҷавоб мемонад?" (ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ
Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 19 ноябр ба баррасии даъвои пайвандони Ҳамза Икромзода, як сокини ҷавони Ҳисор, ки соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашта буд, оғоз хоҳад кард.
Онҳо дар аризаи худ ба додгоҳ аз болои масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки муасиссаҳои ислоҳӣ таҳти назарашон аст, шикоят карда, 10 миллион доллар ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд. Рӯзи ҷумъаи 15 ноябр масъулони додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷонибҳоро бо даъвои пайвандони Ҳамза Икромзода шинос карданд.
Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода, мегӯяд, писараш яке аз таъминкунандагони аслии хонаводааш буд ва дар сурате, ки зинда мемонд, барои рӯзгузаронии онҳо кумак мекард. Вай дар идома афзуд, бо вуҷуди он ки пули мақомот ҷои писарашро гирифта наметавонад, вале онҳо мехоҳанд аз ин тариқ “интиқом”-и марги писари худро аз масъулони зиндон биситонанд.
Амир Икромзода, бародари Ҳамза, дар сӯҳбати видеоӣ бо “Озодагон” гуфт, дар оғоз мақомот барои он ки аз даъвояш бигузарад, пул пешниҳод карда буданд, аммо ӯ қабул накард. Чаро ки, мегӯяд Амир, он вақт дар зиндон ҳаштод шоҳид дошт, ки марги маҷбурии Ҳамза Икромзода аз сӯи маъмурони зиндони рақами якро тасдиқ мекарданд.
“Аммо ҳоло аз он ҳаштод шоҳид ҳамагӣ панҷ нафар боқӣ мондааст. Дигаронро фаҳмидан мумкин аст, зеро дар пайи фишор маҷбур шуданд, аз шоҳидӣ даст кашанд”,-афзуд ӯ. Файзалӣ, падари Ҳамза Икромзода, низ аз бархӯрди мақомот дар баробари марги писараш изҳори норизоӣ кард. Вай дар назди додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфт, “магар писари мансабдорон ҷиноят намекунанд? Чаро онҳо маҳкам намешавнаду фақат фарзанди камбағалон маҳбус мешаванд? Мо ҷабрдидаҳо ҳамин қадар фаҳмидем, ки қонун фақат барои мардуми камбизоат будааст. Барои мардуми бепул будааст, барои мансабдорон набудааст. Ҳарчанд дар баррасии масъалаи мо расонаҳо ёрӣ карданд, аммо мақомот гапи раоснаҳоро ба як тин намегиранд. Дар ҳоле ки тамоми расонаҳои ҷаҳон дар бораи мушкили мо гуфтанд”.
Ин ҳама дар ҳолест, ки мақомот борҳо гуфтаанд, дар марги Ҳамза Икромзодар дар зиндони арқами яки Душанбе даст надоранд. Ба қавли онҳо, танҳо аз бепарвоии нигоҳбонҳо истифода карда, Икромзода худкушӣ намудааст.
Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор, ки ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, соли гузашта дар мсаҳбаси рақами яки Душанбе даргузашт. Пайвандони ӯ гуфтанд, ҳангоми шустани ҷасади Икромзода дар бадани ӯ изи дарзмолро пайдо кардаанд. Иддаое, ки мақомот онро рад карда, ҳатто Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳоӣ гуфта буд, “касе Ҳамзаро куштааст, Худо мезанадаш”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |