Паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як паём ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳамдардӣ баён намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш гуфтааст, “муҳтарам Владимир Владимирович, аз шунидани хабар дар мавриди садамаи ҳавопаймо дар фрудгоҳи “Қазон”, ки даҳҳо кушта барҷой гузоштааст, хеле андуҳгин шудам.” Эмомалӣ Раҳмон аз Путин хостааст, ҳамдардияшро ба наздикони фавтидагон бирасонад.
Шоми 18-уми ноябр, дар фурудгоҳи Қазон ҳавопаймои "Боинг 737"-и ширкати "Тотористон" ба садама дучор шудааст, ки дар натиҷа 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, миёни фавтидагон ягон шаҳрванди Тоҷикистон нест.
Дар робита бо фармони раисиҷумҳури Тотористон имрӯз - душанбеи 18-уми ноябр дар ин кишвар рӯзи мотам эълон шудааст.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |