Ҳушдори Кабирӣ аз сиёсати саркӯбкунанда ва гурези сармоягузорон
Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, зимни баррасии иҷрои буҷаи соли 2013 дар хитоб ба Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз, аз тафриқаандозӣ ва супоришию ғаразнок будани санҷишҳои андозсупорандагон дар кишвар интиқод намуд.
Кабирӣ даъват намуд, мақомоти андози кишвар сиёсати саркӯбкунандаро канор гузошта, аз сиёсати ташвиқкунанда кор бигиранд. Ин вакили парлумон хост, фишорҳои андозӣ болои корхонаҳои хурду миёна камтар шаванду мақомоти андоз бештар ба андозсупорандагони бузург таваҷҷуҳ кунанд.
Муҳиддин Кабирӣ аз қавли бархе сармоягузорони Тоҷикистон гуфт, санҷишҳо дар кишвар на мунсифона, балки супоришӣ ва барқасдона барои пайдо намудани камбудӣ дар ин ё он корхона гузаронда мешаванд. Ӯ ҳушдор дод, ин раванд оқибатҳои нохуб дошта, гурези сармоягузоронро аз Тоҷикистон ба бор хоҳад овард.
Баромади Муҳиддин Кабирӣ дар парлумон баъд аз гузориши Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар бораи барзиёд иҷро шудани нақшаи андоз садо дод. Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, дар нӯҳ моҳи аввали соли ҷорӣ даромади буҷа аз ҳисоби андозҳо 101 дарсад иҷро гардидааст.
Оқои Кабирӣ, ки ахиран барои чанд рӯз дар Туркия қарор дошт, дар як суҳбаташ бо “Озодагон” аз фишорҳои иқтисодӣ болои хешу табор ва наздикони худ хабар дода буд. Баъзе аз пайвандони Кабирӣ ба тиҷорат машғул буда, гуфта мешавад, яке аз бародаронаш ширкати сохтмонӣ дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |