Эмомалӣ Раҳмон: “Фарзанди касе набошад, бояд ҷавоб гӯяд”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 20 ноябр дар бинои Вазорати умури дохилӣ дар бораи ҷинояткории ҷавонон дар роҳҳои кишвар сухан гуфт. Ба қавли масъули дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, оқои Раҳмон таъкид кардааст, сарфи назар аз фарзанди кӣ буданашон бояд онҳо дар назди қонун яксон ҷавоб гӯянд.
Ин таъкиди раисиҷумҳур дар ҳолест, ки ахиран Вазорати умури дохилӣ нисбат ба Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳан ва ҳамсараш, барои иштироки писари 16-солаашон -- Расули Амонулло дар садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбе парвандаи маъмурӣ боз намудааст. Ҳоло ин парванда дар дасти додрасони додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт аст ва интизор меравад, базудӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Падару модари Расули 16-сола барои “беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишони додан дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” муттаҳам мешавад.
Садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки гунаҳкори қазия ӯст ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои мақомоти ВКД, Умари 21-сола сокини пойтахт буда, пештар бар асоси моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне авбошӣ, маҳкум шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |