Бахшҳо

Бозор Собир: Худогӯию худоҷӯии шоирони ҷавонро хуш надорам

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки таҷлили 75-солагияш имрӯз, 22-юми ноябр, дар бинои Театри опера ва балет дар назар аст, атрофи шеъру шоирӣ изҳори назар кардааст.

Ин шоири маъруф дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Миллат” дар посух ба суол, ки кадом тамоюли эҷодӣ дар шеъри имрӯзи тоҷик ба Шумо хуш намеояд, гуфтааст, “дингароӣ хуш намеояд, «Садои Шарқ» (маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) гӯё журнали кадом як масҷид аст. Алалхусус худогӯиву худоҷӯии шоирони ҷавон хуш намеояд. Дар китобхонаи миллӣ ғарам-ғарам музахрафи динии сафоратхонаи Эрон хуш намеояд. Ғазалсароӣ хуш намеояд. Ғазали классикии мо аз барги як фасли хазон бештар аст ва ба дарде намехӯрад. Ман одатан шеъреро, ки дар шакли кӯҳна гуфта мешавад, намехонам.”

Дар мавриди муносибати шеъру сиёсат ва суол, ки дар кадом маврид шеър ба сиёсат хизмат мекунад, Бозор Собир гуфтааст: “Дар ҳар маврид. Шеър ҷузъи сиёсат аст. Шеърҳои сиёсӣ моли бузургтарини адабиётанд. «Шоҳнома» моли сиёсати Сомониён буд. Шеъру достонҳои Маяковский бузургтарин мероси сиёсати инқилоби октябр мебошанд. Адабиёт аз сиёсат берун буда наметавонад. Нависанда, агар одами пешқадами замон бошад, чи хел вай ба сиёсат наметавонад сарукор дошта бошад? Агар сарукор надошта бошад, одами замонавӣ нест. Ва зимнан, адибу зиёие, ки «ман ба сиёсат кор надорам» мегӯяд, аблаҳи ҷоҳил асту бас. Сиёсат қутбнамои вақту замон ё замону макон аст.”

Бозор Собир рӯзи 20 ноябр ба синни 75 расид. Вай аз ин ҳисоб 19 соли умрашро дар Русияву Амрико гузаронда, моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Ватан баргашт. Ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, ба сар мебарад. Бозор Собир соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар Ҳисор гирифтааст. Баъд аз хатми факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 барои кор ба нашрияи “Маориф ва маданият” рафта, баъдан корро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияи “Адолат” идома медиҳад.

Вай аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеъри ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.

Бозор Собир нафаре дониста мешуд. ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон низ шеъре нагуфтааст. Вале баъд аз ҳиҷраташ ба Амрико вай дар тамоми маҷмӯаҳои шеъри худ ёде аз Ленину Сталин ва хубиҳои Шӯравӣ карда, низоми давлатдории Амрико ва муттаҳидонашро ба боди танқид кашидааст.
Мӯҳр
Фаридун
Мулло
Озодагон чи андешахои ин кати сахифата пур мекуни? Дигар дилам аз ту хам монд. Кофир шуди чи Озодагон?

Амрико
Шоираки азиз, Собиров,
худро харгиз ба Фирдавси ва Маяковский барин бузургон ташбех надихед. Ин ду нафар бо орзуву ормонхои миллату кавми худ дар дил бузургтарин достонхоро эчод карданд, ки онхоро абади кард. Агар Фирдавси мисли шумо одами хардамхаёл мебуд, пас аз 30 соли навиштани "Шохнома" пои Махмуди Газнави буса мекард ва дар васфаш достон менавишт ва дар маркази Газна сохиби сехонаги мешуд.
Аз Маяковский хам ёд накунед. Маяковский бо дарди миллати рус даргузашт ва иваз нашуд. Медонем, ки дар вакташ идеяи дехапарастии хамин Маяковскиро дуздида, "ох мазори кишлокам" гуфта сохиби обру шудед.
Ашъори шумо чи сиёсат дорад? Лаънатхони ба Ленин ва баъдан Ленинпарасти? Шумо бо хамон Ленинатон харду моли гузаштаед, ки пас аз мурданатон аз ёдхо хохед рафт.
Шумо ба он сатхе нарасидаед, ки худопарастии мардумро бахо дихед. Шумо хам Худоро ва хам худро гум кардаед. Худованди карим на хар касро насиб мекунад, ки удотарсу дар ёди Худо бошад. Бехтараш нишаста дар васфи Рахмонов шеър навиштан гиред

хусайн
Бозор хазйон мегуяд. Вай дигар шоири харзагу аст. Худ намедонад чи мегуяд. Букаламун!

Рахим
ман бо шумо розиям, Бозор Собир.
Кош бори дигар Ленин зинда мешуду ин радикалхоро решакан мекард!

Хар кас, ки бо Бозор нест,
Аз зиндаги водор нест,
Гар дониши дунё дар-уст,
Охир, ки бе озор нест.

Устод Бозор Собир-адиби саршиноси точик, аз бани одам буда, чун дигарон аз гуноху савоб ва хатову камбудихо ори нест. Мавсуф алхол марди кухансол ва аз хатои зиндагии хеш озмуда буда, хамеша худаш, коматаш, андешааш, суханаш, ирода ва рохаш рост буд. Бехтарин хислати мутафовити у аз дигарон ин аст, ки хеч гох хатои худро пинхон намекунад. То он, ки дигарон ба он рох надиханд. Барои дарки ин гуфтахо нигаред ба асари у бо исми "Шахристони иморатхои осмонхарош" ва пурра шахсияти уро хохед дарёфт.

Ман камтарин бандаи худованди якаам (алхамдулилох) ва бовари дорам, ки то замоне, ки "Имон адаб аст" ин марди бузург, беимон ва кофар нест. Уро мусалмонии ахли ифрот, таквои котилону ханнотон, ва окибат фахшу хунрезихои мусулмонони сайёра, барои ибрози чунин назар водор кардааст.
Зодрузи у муборак бошад ва бошад, ки аз амри рахмати Худованд (ч.ч.) ва Фирдавси барин (ч.м.) бебахра намонад.

Аксарияти мардуми Файзобод комунист хастан ин ибора бо маьнии куллаш бояд фахмида шавад. Собир як шоири атеист аст.

лондон
Худованди Бузург хидоятат кунад

Беозор
Устод Бозор! То ин мардум шуморо мефахманд, ки думи шутур ба замин мезанад. Хайрият, ки аз дасташон ягон кор намеояд, набошад шуморо ба сангсор кардан хукм мекунанд. Ин гапхои шумо баъди ин насл амали хохад гашт. Саломат бошед Устод ба ин хакикатгуиатон.

Бозор Собир нафаре дониста мешуд. ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон низ шеъре нагуфтааст. Ин чӣ гап магар ҳамин шеъри
Мускули сахт бозуи пурзра
Дасти пурқуват панҷаи маҳкам а ҳамин не мӣ? Баъд дувум ин ки Бозор Собир Шумо як нафаре, барои интихобот даъват шудеду хай як 3 хонаги гирифтед. Дигар миссияи шумо тамом шуд вагарна тамоми Ҳукумат медонанд ки дар ҳеҷ кас лозим нестетд мардум шуморо қабул надорад.Марҳамат ба Амрико.
Шумо нони Шуравиро хурда ба намак туф кардед Нонт тоҷикистонда туф кардед ҳатто ҳамуо Амрико ки ин кадар сол шуморо нон дод туф кардед

Халк
Э Бозор, Бозор гапат дар зану фарзандот намегузарад, онхо туро ба фикрам аз ИМА ронданд. Ё не?

САИД
О ИН БОЗОР МАГАР ПАЙРАВИ ЯГОН ДИН ХАСТ

ИН БОЗОР СОБИР ДАР АМРИКО ДИНИ "МАСОН" - РО КАБУЛ КАРДААСТ, КИ ИН ДИН ДИНИ СИЁСИИ ЯХУДИХОСТ....
БОЗОР СОБИР БЕНИХОЯТ ХАТОИ САХТ МЕКУНАД АДАБИЁТ ХЕЧ ГОХ БО СИЁСАТ ЯК ЧО НАБУД....
ИН БОЗОР БО ФАРМОИШИ АМРИКО ИНЧО ОМАДААСТ БАРОИ ОНЕ, КИ ЧАВОНОНИ ТОЧИКРО БА СУИ ФИСКУ ФОСИКИ НАЧНОЙ КЛУБ ДИСКОТЕКА ВА ФОХИШАГИ РОХНАМОИ КУНАД..
БОЗОР СОБИР СУХАНОНЕ, КИ ДАР ВАКТИ ЧАНГИ ШАХРВАНДИ ГУФТА БУД ЧИ ФАРОМКШ КАРД ..?

Банда бар ин аст, ки тамоми ашъори Бозори бозорӣ, яъне овораю саргардон ва тамоми думравони он ба як мисраъ ва хатто ба як калима газали классикӣ, ки тамоми маонии дунёро дар худ мегунчонад, намеарзад.
Андоза нигах дор, андоза накуст,
Хам лоики душман аст, хам лоики дуст.

Худованди кариму рахим ман барои ин бандаи ношукрат, ки худро дар ин зиндаги гум кардааст ва намедонад чи кор кунаду кучо равад ва якин бароят маълум аст, узр мехохам. Бозори мо кучою масчид - макони ибодат кучо. Ба кавле, май бошаду най бошаду вай....

Одамиро на ба нутку на ба ришу на ба чон,
Тутиям нутку бузам ришу харам чон....

Аз гуфтахои шоири "бузурги" мо буй айшу ишрати замони собик, зиндагии бепардаю бемасъулият дар гарибӣ, мастабахои шабона ва тафриқасозихои ташкилотхои кашшофии машхури олам меояд.
Худоё моро аз тафриқаандозихо ин зумра мардум нигах дор.

Инсон доимо дар чустучуи худ аст. Дар ин чода у барои пайдо кардани мавчудоте ё зоте аз худ бехтар талош мекунад. Худочуйи ва худоогохии мардум, чумла шоирону нависандагон, ахли эчод бад ин хотир аст.

Худоё, Бозор гар бозори шуд, магзор то бедин шавад.

БОЗОР СОБИР БА МОРА ДАР КОР НЕСТ


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)