Мақомҳои нави Хидирова, Раҳимов ва Муҳиддинов
Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раиси Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми ноябр, қарореро, имзо намуд, ки тибқи он Хидирова Махфират Умаровна, раиси нави Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон таъин карда шуд.
Хидирова Махфират дар ин мақом Тағоева Сумангулро иваз намуд, ки ахиран вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин гардид.
Махфират Хидирова то ҳол вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд, ки 6 сентябри соли 1973 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Инчунин тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо қарорҳои ҳукумати кишвар Раҳимов Султон Нурмаҳмадович муовини якум ва Муҳиддинов Пулод муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд. Пулод Муҳиддинов қаблан муовини якуми Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |