«Tcell» чаро ду рӯз барои муштариёнаш дастнорас буд?
Шабакаи мобилии «Tcell» ду рӯз барои сокинони бархе манотиқи Тоҷикистон дастнорас будааст.
Чанд тан аз бошандагони ноҳияи Файзобод, воқеъ дар 50 километрии шарқи Душанбе ба «Озодагон» гуфтанд, рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ҳудуди ҳашт соат бо симкорти «Tcell» натавонистанд ба ҷое занг бизананд ё занг қабул намоянд. «Фақат SOS нишон медод. Аққалан ба маркази хизматрасонӣ ҳам натавонистем, занг зада сабабашро пурсем»,-гуфт як сокини Файзобод.
Дар маркази хизматрасонии «Tcell» далели фаъол набудани шабакаро ба корҳои фаннӣ марбут донистанд: «Корҳои техникӣ буд. Ба ғайр аз Файзобод дар баъзе минтақаҳои дигар ҳам чунин ҳолат ба миён омад».
«Tcell» яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аст, ки дар гузашта зери номҳои «Индиго Тоҷикистон» ва «Сомонком» фаъолият мекард. 60 дарсади саҳмияҳои «Tcell» ба ширкати муштараки шведиву финнии TeliaSonera мутаалиқ аст. Гуфта мешавад, теъдоди муштариёни ширкат марзи ду миллионро гузаштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |