Бахшҳо

Илҳом Ёқубов: “Ҷои Расулзода курсии нахуствазирӣ набуд”

Қоҳир Расулзода то замони омаданаш ба мақоми нахуствазири Тоҷикистон раҳбарии вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт. То ҳоло аксарият ӯро ба унвони раҳбари озодандеш ва ободкор мешиносанд. “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид, оё Расулзода дар мақоми нахуствазир ҳам худро нишон дода метавонад?


Раҷаби МИРЗО, журналист:
“Қоҳир Расулзода аз соли 2000 дар майдони сиёсат пайдо шуд. Дар ин муддат ҳамчун вазири обу обёрӣ ва раиси вилояти Суғд худро хеле хуб нишон дод. Бахусус, ба унвони раиси вилояти Суғд фаъолият кардан мушкил буд. Мушкил аз он нуқтаи назар, ки он фазое, ки Қосим Қосимов сохта буд, онро шикастан ҷуръат мехосту Қоҳир Расулзода ин корро анҷом дод. Дар ин маврид назари мардумро ба худ дигар кард. Ӯ исбот кард, ки як шахси комилан дигар аст ва бо ҷуръат. Баробари ба курсии сарвазирӣ омадан, фикр намекунам, ки ӯ ҳамон хусусияти худро ҳифз карда тавонад. Чунки тибқи қонунгузории Тоҷикистон имкониятҳои сарвазир маҳдуд буда, дар бештар маврид имконияти муовини аввали нахуствазир васеътар аст. Фикр намекунам, ки бо ин низоми амалкунанда Қоҳир Расулзода чизеро иваз карда тавонад. Шояд иродаву имконияти ӯ барои идораи як вилоят, як вазорат кофӣ буд, то ӯ корҳои техникиро анҷом диҳад. Аммо дар курсии сарвазирӣ, ки ин бештар сиёсӣ ҳаст, бар он бовар нестам, ки Қоҳир Расулзода худро муаррифӣ карда тавонад. Агарчӣ ӯ мехоҳад, аммо қонунгузории мо дар ин маврид маҳдуд аст.”

Илҳомҷон ЁҚУБОВ, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд:
“Қоҳир Расулзода қабл аз дипломат будан, ҳамчун инсон хоксор ва ахлоқи намуна дошт. Давоми фаъолият дар вилоят мо дидем, ки вилоят чӣ гуна рушд кард. Ба симмати сарвазир таъин шуданашро ҳамчун сокини вилоят қабул надорам. Зеро дар кишвари мо нахуствазир имконияти васеъ надорад. Барои ҳамин, фикр мекунам, бо он ақлу заковат дар вилояти Суғд оқои Расулзода корҳои бештареро анҷом дода метавонист. Имкониятҳои сарвазир маҳдуд асту он иҷоза намедиҳад, то Қоҳир Расулзода ифои вазифа кунад. Аз ин хотир метавон гуфт, ки барои ин шахс сарвазирӣ намезебад.”

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, таҳлилгари сиёсӣ:
“Он вазифвае, ки Қоҳир Расулзода гирифт, хеле маҳдуд аст. Акнун ӯро лозим меояд, то дар доираи як чаҳорчӯба кор кунад. Фаъолият ва имконияташ маҳдуд мешавад. Новобаста аз он ки дар курсии нахуствазир чӣ гуна мутахассис менишинад, соҳиби ин курсӣ дар чаҳорчӯбаи муайян фаъолият хоҳад кард.”
Мӯҳр
Мехостам тамоми чиновникхо аз у ибрат гиранд, Дар як сол ду се маротиба деха ба деха гашта аз холи мардум хабар мегирифт ва кумак мекард. Вилоят пешраву ободтар гашт. Дар ин мансаб низ у хешро изхор мекунад.

Мачаи из Ходжаи АЪЛО
Ман хукумати Рахмонро чашми дидани надорам.Лекин Расулзода дар хакикат аз он нафарони камест,ки вазифаи худро аз руи вичдон ичро мекарду дар хакикат лоики ВАЗИФАИ худ буд.Ёд дорам дар замони рохбарии Косимов,чи хел вилоят окиб монда буду сахтгуиву дуруштихои у,беспределии бародарони авбошаш ба дили мардум зада буд.Вакти рафтани у мардуми вилоят туй дошту,хурсанди мекард.Хло бошад тамоми мардум гусса мехурад,ки чунин нафари дар хакикат хоксор,профессионал вахифаи худро тарк кард.Тамоми сол Расулзода ба тамоми дехахо сафар карда микрофони ОЗОД ташкил карда буду хар нафар баромада фикру акида ва проблемаи худро мегуфт.Ва ин вохурихо ба мисли вохурихои президент сохтакорона набуданд ва ягон хел монеае набуд,ки мардум иштирок накунанд.Расулзода то охирин нафар хамаро гуш мекард ва ёвапона проблемахои мардумро нависта мегирифтанду онро баъдан хал менамуданд.Дар ин вохурихо ЯГОН МАРОТИЬА ба мисли вохурихои президент ТАЪРИФУ ХУШОМАДГУИ,намешуд.Факат проблема!Ва дар охир аз мардуми дехаи ХОЧАИ АЪЛОИ чамоати Чоркухи нохияи Исфара як чахон ташаккури худро ба чунин сард иброз намуда барои ёрии ин шахс дар сохтани стадион,спортзал,ва 1рии у дар чанчолхои киргизхо,дар сухбатхои у бо мардуми одди ва шунидану хал намудани проблемахои деха иброз мееунам!Агар Точикистон мисли хамин нафар шахси дар хакикат лоик мансабдорон медошт,бовар кунед Точикистонт дар хакикат пеш мерафт на бо дуругу афсонахои шабакаи аввалу цифрахои дуругини омор.Ба Косимов гуфтаниам,ки замони рхбарии у догишчуй будам ва нафрати мардумро нисбати у медидам.У бояд бидонад,ки дар акидаи мардум у бо бади ёдовари мешавау ёдовари хохад шуд.Афсус,ки президент ин шахси нолоикро дар вазмфаи вазири боздошт!

Сарвазир бидуни "портфел!". Ин дар таърихи муосири давлатдорӣ шояд бесобиқа бошад. Ба фикрам барои дасисабозони вилояти Суғд (ё марказ?) курсии Коҳир Расулзода даркор шуда буд. Ба мақсадашон расиданд. Воқеъан, дар асл обрӯю эътибори Раиси вилояти Суғд аз сарвазирии Тоҷикистон бештар аст. Акнун оқои К.Расулзода муддати чандин сол бо "дасту пойи баста" иҷрои вазифа мекунанд.
Албата, инҷо чораи дигар ҳам ҳаст. Бояд як бахши масъулияти Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон аз ӯ гирифта шуда, дар ихтиёри сарвазир гузошта шавад. Масалан, тамоми масоили иқтисодии кишвар. Бигзор Президент Э.Раҳмон фақат бо масоили сиёсӣ машғул шавад. Ку вакили мардумии ҷасур ва ватандӯст, ки ин масъаларо ба муҳокимаи порлумони кишвар гузорад? Савоби ҳарду дунёро мегирифт!

Кохир Расулзода ба мизи сарвазири арзанда аст. Фикр мекунам раиси чумхур дар интихоби сарвазир хато накарданд.

Мачаи из Ходжаи АЪЛО,

Ана барои ҳамин эҳсоси масъулиятнокӣ ва ӯҳдабароияш ӯро ба канор гирифтанд. Як одам, аз онҳое, ки миёни мардум обрӯю эътибор пайдо мекунад, метарсад. Нашавад, ки рӯзе ӯро лоиқи президентӣ донанд? Дар ин ҳукумат касе софдилона иҷрои вазифа бикунад, ва ба фасод даст назанад, аз ӯ ҳазар мекунанд ва ба балое гирифтораш мекунанд. Ҳоло ҳам К.Расулзода сиҳат саломат аз курсии кӯҳнааш раҳо шуд. Шукр кунад. Русҳо, ки бародарони бисёр "азизи" тоҷикоанд, дар ин бора мегӯянд: "ТИШЕ ЕДЕШЬ, ДАЛЬШЕ БУДЕШЬ!" Бисёре аз чиновникҳо, ки ин матали русҳоро сармашқи зиндагии худ кардаанд, умуман ба кори фоиданоке даст намезананд. Кор фақат лаббайгӯӣ!

Хочи Зайнулло
Кохир Расулзода точик аст ва барои тамоми Точикистониён аст. Президентамон марди сахи аст ва умед дорам, ки ба сарвазир барои пешрафти Точикистон ИМКОНИЯТи хукукиву маънави медихад. Вахдати хакикии мардуми Точикистонро хохонам.

Точикбача(1)
Қохир Расулзода бояд, ки президент мешуд. Аммо сад афсус, ки сарвазир шуд, ба хар хол ба он кас бурдбориро хохонам. Озодагон чоооп кунееееееееееееед!

НЕЪМАТ
КОХИР РАСУЛЗОДА, МАРРДИ БАОРУ БОНОМУС ВАТАНДУСТУ ХАЛКПАРВАР БАРОРИ КОР ДАР ВАЗИФАИ НАВ ОРЗУ ДОРАМ.

кохир
Ку як худта нишон те таърифта шунидем

..
Рахмат ба падару модари кадоме ки гами халкро мехурад дар корхояшон барор хохонам.

нохияи Мастчох
Албатта,ин Чаноб дар хакикат хизмат кард,кор кард.Аз косимов дида ин бехтар фаъолият кард.
Бояд дар вазифаи раиси вилоят корашро давом медод!!
БРАВОООО РАСУЛЗОДА!!!!!!!! ЗИНДА БОШИ!!!!!!

Ба Юсуф: Бародар суханхои аз самими калб гуфтаи туро хондам ва туро дасгири мекунам, вале ин ки ку вакили мардумии ҷасур ва ватандӯст, ки ин масъаларо ба муҳокимаи порлумони кишвар гузорад, гуфтанат навигари нест. Чун, ки Шумо программаи пеш аз интихоботии ИНИТ-ро нахондаед? Дар ончо хусусан шохахои "функцияхои" президент ба кучо таксим карда шавад-ро намедонед. Мардони хак талаб ва хакчу кам нестанд. Онхо барномахои ислохотии худро хам барои хукумат ва хам барои парламент иброз намудаанд.

Хочи Зайнулло,

НАМУР, БУЗАКАМ, БАҲОР МЕШАВАД!

Талхак,
Ташуккур барои суханҳои нек. Ягон барномаро ба ҳукумат ва порлумон пешниҳод кардан фойда надорад. Чи тавре ки дидем, он ҳарду ниҳод БАРНОМАИ ИНИТро сарфи назар карданд. Ягона чора он аст, ки чанд фраксияи вакилони халқ муттаҳид шуда, дар парлумон "гурӯҳи мухолифин" ташкил кунанд. Сипас якҷоя муборизаи сиёсӣ баранд. Шояд ба ягон натиҷа бирасанд. Дар алоҳидагӣ дар он парлумон коре карда намешавад. Ин ку ба ҳама маълум аст. Бояд муттаҳид шуд.

bechora prezident ba inho bovar karda vazifa metiyandu inho koram namekunand.xair boz inasham mebinem.bisyor tarifash karded.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)