Бахшҳо

Нахустин вокунишҳо ба мансаби нави Рустами Эмомалии 26-сола

Ба симмати раиси Хадамоти гумрук таъин шудани писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ омадааст. Дар баҳсҳое, ки ҳамакнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад, бештари корбарон гуфтаанд, ин мансаб зинае барои ба сиёсати бузург пой гузоштан ва муаррифии бештари Рустами Эмомалии 26-сола аст.

Усмон Солеҳ, масъули таҳлил ва тарғиботи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Рустами Эмомалӣ кадри ояндадор аст ва аз иҷрои вазифаҳои аз ин ҳам баландтар баромада метавонад. Оқои Солеҳ афзуд, “ба Рустами Эмомалӣ вазифаи пурмасъулиятро доданд. Вай зина ба зина чанд вазифаҳои роҳбарию умуман ташкилиро гузашта омадааст. Чизи дигари муҳим ин аст, ки мо ҳамеша мехоҳем, дар ҳайати роҳбарии ҳукумат кадрҳои ҷавон бошад. Ҳамин чизро роҳбари давлат амалӣ карданд.”

Аммо Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдон ва муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон, бо ин нуқтаи назар мувофиқ нест. Вай мегӯяд, ҳарчанд аз нигоҳи қонун ба ин вазифа омадани Рустами Эмомалӣ мушкиле надорад, “вале боис ба таассуф аст, ки фарзандони президент ва дигар мансабдорони боломақом бо истифода аз фурсати муносиб, бо таъсиру робитаҳои падарҳояшон кӯшиш мекунанд бар зарари дигар ҷавонони болаёқату боистеъдод, ки мутааллиқ ва авлоди мансабдори мушаххас нест, мансабҳоро ишғол кунанд. Маҳз ҳамин гуна сиёсати кадрӣ боиси муваффақ нашудани ҳукумат ва самара надодани фаъолияти он мебошад.”

Оқои Ҳаким дар идома гуфт, “дар ҳар сурат, соҳибкорон ба Рустам ҳамчун писари президент Эмомалӣ Раҳмон муносибат мекунанд, на ҳамчун як шахсе, ки салоҳият дорад, истеъдоду лаёқат дорад ва аз ҷузъиёти фаъолияти Хадамоти гумрук бохабар асту ин сохторро идора мекунад. Агар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокаш дар интихоботи минбаъдаи президентӣ кӯшиш накунад, пас, ин маънои онро дорад, ки писарашро вориси худ эълон мекунад.”

Рустами 26-сола, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30 ноябр дар ҷаласаи нахустини ҳукумати нав ба мансаби раиси Хадамоти гумрук таъин шуд. Вай то ин дам ба ҳайси муовини раиси ҳамин хадамот фаъолият дошт. Рустам фарзанди дувуми Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақоми давлатӣ дорад. Ҳоло Озода Раҳмонова, духтари раисиҷумҳур, ба ҳайси муовини вазири умури хориҷӣ кор мекунад.
Мӯҳр
Сироч . Торикистон
Ба пеш ба суи оилави кардани мансаби президенти дар точикистон.Аз ин чойивазкунии зарбшавандахо ба хулосае омадам ,ки барои Президент на манфиати миллат балки манфиати шахси ё оилави дар чои аввал мебошад.Точикистонро боз 7-соли фасоду хешутаборбози ва ноумедию саргардони дар пеш астю

Студент
"Мо ҳамеша мехоҳем, дар ҳайати роҳбарии ҳукумат кадрҳои ҷавон бошад. Ҳамин чизро роҳбари давлат амалӣ карданд.” Яъне кадрхоро чавон мекунем, вале аз хисоби писарони худу хешутабори чавони худ. Мана сиёсатмадори.

Хасудон мемиранд!
Ба гуфти огои шокирчон бояд Рустами Эмомали на сохиб мансаб балки кандуктор ё ин ки салафан фуруш кор кунад.
охир гуфтаанд ки "сын прокурор станет прокурором "бад ин ки Рустами 26 сола 21 сол аст ки дар оилаи сиёсатмадор ва падараш хама кору рохоро омухтааст аз ухдаи хамаи кор баромада метавонад.

ъ
СулолаиРАХМОНИЕН ба пеш.

Dev
хисрав,
Boboi Hisrav mushkili sari hasudi nest . mushkili one,ki in mardaki hub yagon diplomi giriftaashro hudash , bo donishu malakaash nagiriftaast. Bud makolahoe hususi darsishtirokkunihoi Rustamchik nakl mekard. Albatta u javon ast , purenergi ast , vale az falsafai kor dur ast. Tasavvur kun,ki tamomi dar in sohabudagiho ba u na chun rohbari kordon e"tikod mekunand , balki chun pisari "Oli Somon"...Agar hukumatihoi tojik davlatro modernivu obrumand kunand, zindagii aholiro neku kunand bad ohista hurand hej gap nest ,

Бе таго
Дараи чавониам бо азобу машаккат гузар дорад. Донишгохро тамом карда ба яке аз идораи давлати 6 мох талош кардам бад 0,5 (ним) баст кор гирифтандам, яъне кабул шудам, чун як коргари одди. Бади кариб 1сол бад ба як баст. Аз Рустам хамаги як сол хурд хастам. Аммо ин валиахд аз замин то осмон парвоз мекунад. З ниходро рохбари дорад, як худаш. 8 соати кориро чи гуна таксим мекарда бошад. Маошаш чи кадар бошад?!

Мутахассис
Чи хели кор мекунад у? Шумо магар бовар доред, ки Рустами Эмомали аз сахар то бегох хар руз кор мекунад? Содда фикр накунед. Дар чунин мансабхо бояд як одамони ботачрибаи асп барин кор мекардагиро монд, ки соха пеш равад. Бачаи нозпарварди президент чи кор мекунад?

чамшед
Ош шава Рустамчон. Мо бовари дорем ки хадамоти гумрук нав сохибашро ёфт. Ин мард хам зур аст хам сер. Кушиш кун, ки мувафак шави. Барори кор.

як бетагои дигар
Ба Худо давраи чавонии ман низ чунон бозахмат гузашт, ки нафахмидам ин давр гузашт, дар гариби аз паи як бурда нон. Гоххо. худам аз худам шарм мекунам, ки дипломи аъло(сурх) дорам, вале дар Руссия бо рох руби машгулам. Мо дар чи хайёлу фалак дар чи хайёл?!

asroruddin
xavotir nashaved, rustam bad az 7 sol ba 33 merasad, dar hole ki bar asosi qonuni asosi tjk soli prizident 35 sol ast.
umedvoram qonun digargun nashavad!!!

Ь
чамшед,
мо нагу! Кистенд шумо? 4-5 писари раису вазир, ки аз ин оила вобастагии зиёд доред. Мо ин МО зиёда аз 7 млн хастем ва акида дорем, ки Рустам дар як вакт аз ухдаи 2-3 кор намебарояд. Хама медонанд, ки: Холаи хамакора, хама кораш нимкола.

отачон
Неки Чамшед ранги занакхои лави ов гап задаи: хам серай хам зур

Dev
Rost gufti чuмшuд, akai Ravshan e akai Rustam oshash shavad!

ъ
Ин як моневри рахмон аст, ки дар пешоруи вокеъияти ногузирии шомил шудан ба иттиходи гумруки Рустамро мехохад хамчун вориси худ муаррифи намояд.

ОШ шавад Ош!!! Бовари дорамки Рустам аз ухдаи вазифааш бо сари баланд мебарояд. Муборак шавад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! smile

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)