Писари Рамазон Қодиров -- ҷавонтарин ҳофизи Қуръон дар Русия

Писари 6-солаи Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, ҷавонтарин ҳофизи Қуръон дар Русия эълон шуд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Чеченистон, Одам Қодиров, писари ӯ, замоне ба омӯзиши Қуръон шуруъ кардааст, ки бо забони русӣ навишта ва хонда наметавонист. Рамазон Қодиров дар саҳифаи шахсии худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо миннатдорӣ аз устоди писараш гуфтааст: “Ҳарчанд омӯзиши кулли Қуръон барои як навраси 6-сола мушкил мебошад, вале Одам Қодиров ба ин нигоҳ накарда, тавонист тамоми оятҳои китоби муқаддасро аз худ карда, унвони ҷавонтарин ҳофизи Қуръонро натанҳо дар Чеченистон, балки дар қаламрави Русия соҳиб шавад.”
Раисиҷумҳури Чеченистон дар идома қайд кардааст, ки дар рӯзҳои наздик яке аз писарони дигари ӯ низ ҳофизи кулли Қуръон хоҳад шуд. Ин бори аввал нест, ки як узви хонаводаи раисиҷумҳури Чеченистон ҳофизи кулли Қуръон муаррифӣ мешавад.
Соли гузашта низ духтари Рамазон Қодиров - Ойиша Қодирова ин унвонро соҳиб шуда буд. Илова бар ин, духтари хурдии раисиҷумҳури Чеченистон, ки танҳо 7 сол дорад, барандаи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қироати Қуръон ба шумор рафта, шаш ҷузъи ин китоби муқаддаси мусулмононро азёд кардааст ва ҳоло барои ҳифзи тамоми оятҳои он талош дорад.
Раисиҷумҳури Чеченистон мегӯяд, писараш - Одам ҳамеша дуо мекард, то Худованд ба ӯ унвони ҳофизи кулли Қуръонро насиб намояд. Ба гуфтаи Қодиров, дар яке аз сафарҳои хонаводагияшон ба Арабистони Саудӣ Одам дохили Каъба шуда, дуо кардааст, то ҳофизи кулли Қуръон шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |