Парвина Аминова: “Аз Худо мехоҳам, Зайд Саидовро озод намояд”

Парвина Аминова, ҳамсари Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, ки намояндаи додситонӣ барояш 28 соли зиндон талаб кард, мегӯяд, то лаҳзаи охир ба бегуноҳӣ ва озод шудани падари фарзандонаш бовар дорад.
Хонум Аминова гуфт, баробари шунидани ин хабар, ки барои ҳамсараш 28 соли маҳрумият аз озодӣ хостаанд, ба шок афтодааст. “Ба бегуноҳии Зайд Саидов сад дарсад бовар дорам. Аз Худо талаб мекунам, ӯро ҳарчӣ зудтар озод кунад. Дар ин ҳолати сангин барои ман сухан гуфтан хеле вазнин аст. Чунки кӯдакони ман ҳоло хеле хурданд. Онҳо ба ҷойи паси сар кардани рӯзҳои ширини кӯдакӣ, доим дуо мекунанд, ки падарашон ҳарчи зудтар раҳо ёбад”,-афзуд Парвина Аминова.
Мусоҳиби мо илова кард, тамоми иттиҳомоте, ки алайҳи Зайд Саидов эълон доштаанд, тӯҳмати хушку холиянд ва асос надоранд. Вай афзуд, дар ҳар сурат, то охирин лаҳза умед дорад, ки шавҳарашро аз додгоҳ озод хоҳанд кард. Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва вазири пешини саноат, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав дар моҳи майи соли ҷорӣ боздошт гардид. Мақомот ӯро дар бисёрзанӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, таҷовуз ба номус ва ришват муттаҳам медонанд.
Абдусамеъ Додобоев, додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ дар баромади ниҳоии худ рӯзи панҷуми декабр аз додгоҳ хост, Зайд Саидовро барои 28 сол равонаи зиндон кунад. Вакилони мудофеи Зайд Саидов ин талаби додситонро, ки бар асоси моддаҳои 319, қисми 4 (порагирӣ), 247, қисми 4 (қаллобӣ) 170 (чандҳамсарӣ), 138 (таҷовуз ба номус) ва 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) нафари таҳти ҳимояташонро муҷрим эълон кардааст, ноадолатона шумурданд. Ба гуфтаи вакилон, айбдоркунандаи давлатӣ инчунин талаб кардааст, ки молу амволи Зайд Саидов мусодира гардад ва ӯ баъд аз адои муҳлати ҷазо барои 5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум шавад.
Рӯзи 9 декабр вакилони мудофеи Зайд Саидов дар додгоҳ баромади ниҳоӣ доранд. Онҳо гуфтанд, тамоми иддаои додситонро рад карда, аз додрас хоҳанд хост, то талаби ӯро рад намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |