Баҳси “фигура” бо истеъфои муаллима анҷомид, на мудир
Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисӣ дар Интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони маъюбу бепарастори ноҳияи Ёвон, ки ахиран барои симои зоҳирияш аз мудири маорифи ноҳия эърод шунид, аризаи аз кор рафтанашро навиштааст.
Ҳаётова имрӯз, 11-уми декабр, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, дигар тоқати кор карданро надорад, зеро худро таҳқиршуда меҳисобад ва касе аз масъулин низ ба додаш нарасид.
Ҳаётова қаблан ба “Озодагон” гуфт, Исломиддин Насов, мудири шуъбаи маорифи Ёвон, зимни як ҷаласа ба шахсияти ӯ расида шаъну шарафашро дар назди ҳамкасбон паст задааст: “Дар ҷаласа мудири шуъбаи маориф ҳамаро номбар карда, ҳузурашонро қайд намуд. Чун навбати ман расид, бо истеҳзо гуфт, симои зоҳирият барои муаллимаи забони англисӣ мувофиқ нест. “Ҳамин ту англисиро медонӣ? Фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай. Намезебад гуфт.”
Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, худро хеле нороҳат эҳсос кард ва баъд аз ин ҷамъомад рост ба мақомоти додситонӣ рафт, то аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад: “Мудири маориф чӣ ҳақ дорад, ки маро дар миёни кормондони маорифи ноҳия паст занад? Маро Худо ҳамин хел офаридааст ва ман шукрона мекунам.” Ин омӯзгор мегӯяд, дар додситонӣ ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад: “Мудири маориф вақте фаҳмид, ки ба мақомот муроҷиат кардаам, ба ҷои он ки узр пурсад, талаб намуд, аризаамро гирам.”
Ин муаллима афзуд, ки ахиран барои қабул ба назди Нуриддин Саидов, вазири маорифи кишвар рафтааст, вале ба мулоқот ноил нашудааст, чун вазир дар сафари хидматӣ будааст. Ҳаётова мегӯяд, баъди шикоятҳояш аз рафтори мудири маориф, ахиран ба ҷои мудир модараш узрхоҳӣ омада, хоҳиш намудааст, ки аз даъвояш даст кашад. Дар посух Ҳаётова шарт гузоштааст, то мудири маориф дар назди ҳамкасбон аз ӯ узр нахоҳад аз иддаояш даст намекашад.
Худи Исломиддин Насов дар суҳбат бо "Озодагон" даъвои Меҳрафрӯз Ҳаётоваро беасос хонд: «Ман ба шахсияти ин омӯзгор нарасидаам. Вақте онҳоро ҷамъ кардем, танҳо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф ҷавобгӯ нест, яъне ду руймол дошт ва як либоси ғафси дигар, ки ба сару либоси барои омӯзгорон тавсиянамудаи Вазорати маориф мутобиқат намекунад”.
Меҳрафрӯз Ҳаётова, ба гуфтаҳои мудир розӣ набуда мегӯяд, ки ягон маротиба ҳатто дар фасли сармо ду руймол напӯшидааст: “Ман ҳатто чанд шоҳид ҳам дорам. Ман хуб медонам, ки дар мактаб чӣ гуна либос пӯшаму дар кӯча чӣ гуна.”
Ҳаётова илова намуд, 11 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад ва шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |