Духтари президент кӯдакони хона-интернатҳоро “урод” гуфтааст (ВИДЕО)
Дарига Назарбоева, духтари президенти Қазоқистон -- Нурсултон Назарбоев, ки вакили парлмон аст, кӯдакони хона-интернатҳоро “урод” хитоб кардааст.
Дар наворе, ки дар шабакаи YouTube нашр шудааст, хонуми Назарбоева зимни суханронӣ дар парлумон пешниҳод мекунад, ки бо мақсадҳои тарбиявӣ кӯдакони солимро ба хона-интернатҳо бурда, атфоли маъюбро ба онҳо нишон диҳанд: “Ман фикр мекунам сари чанд вақт кӯдаконро ба Хонаи кӯдакон ва интернатҳо барои атфоли маъюб бурдан лозим аст, то онҳо бубинанд, ки натиҷаи муносибатҳои ҷинсии фикрнокарда ва барвактӣ чӣ гуна аст. Ва ба онҳо ин кӯдакони “урод”, маъюбонро нишон бидиҳанд, бигзор бубинанд. Ин чиз дар қиёс ба даҳҳо соат суҳбат ва лексияҳо натиҷаи беҳтар медиҳад. Мақсади маро мефаҳмед?”
Тахмин зада мешавад, ки Дарига Назарбоева ин суханҳоро дар ҷаласаи дирӯзаи кумитаи рушди иҷтимоӣ-фарҳангии Маҷлис, палатаи поёнии парлумони Қазоқистон, ки мавзӯи таълимоти мактабиро баҳс кард, изҳор доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |