Талоши худсузии марде бо нишони эътироз назди сафорати ИМА
Дар шаҳри Остона марде талош кард, то худро назди сафоратхонаи ИМА бисӯзонад. Бино ба иттилои ВАО-и Қазоқистон ин шаҳрванди Қараганда бо нишони эътироз аз беадолатӣ дар додгоҳ ба ҷони худ қасд кардааст.
Владимир Олифиренко дар бадани худ бензин рехта, изҳор доштааст, ӯро маҷбур кардаанд пули аз фурӯши КамАЗ ба дастомадаро, ки ғайриистифода эътироф шудааст, пардозад. Аммо ӯ дар додгоҳи зинаи аввал баръакси онро исбот намуда, дар зинаи баъдӣ баҳсро бохтааст. "Чӣ бояд кард, ман намедонам. Тамом! Ин охирин шонс аст. Ин мафияи судӣ мебошад. Куҷо ки наравам, ба кӣ ки муроҷиат накунам ба ҳақиқат даст ёфта наметавонам",- гуфтааст Олифиренко.
Ӯ барои оташ додан гугирдро гирифтааст, аммо бо сабаби хунукӣ он рушан нашуда. Кормандони пулис ӯро боздошт ва ба идораи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бурдаанд.
Гуфта мешавад, тирамоҳи имсол низ Олифриенко талош кардааст, ки дар назди бинои Додгоҳи олӣ худро оташ занад. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |