Бахшҳо
16 дек 2013 12:48Тоҷикистон / Сиёсат

Шабдолов: “Чунин шакли ҳукуматдорӣ бақо нахоҳад дошт”

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 16 декабр аъзои ҳукумати нави кишварро, ки аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаанд, тасдиқ кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, аъзои ҳукумати навро барои оғози корашон табрик гуфт ва аз онҳо хост, дар ҳафт соли минбаъда нуктаҳои аслии барномаи пешазинтихоботии оқои Раҳмонро амалӣ намоянд.

Тамоми фармонҳои раисҷумҳур дар бораи барканории аъзои ҳукумати қаблӣ ва тасдиқи аъзои ҳукумати нав бидуни баҳсу саволгузорӣ аз тарафи вакилони ҳарду палатаи парлумон пазируфта шуд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, гуфт, бар хилофи дафъаҳои дигар, ин навбат, баъзе аз вазирони нав то 10 раъйи зид гирифтаанд, ки сигнале барои ҳукумати ҷадид мебошад.

Ба бовари Кабирӣ, овози зид гирифтани вазирон маънои онро дошт, ки натанҳо ҷомеа, балки Маҷлиси Олӣ ҳам мухолифи баъзе аз кадрҳо аст. “Дар ҳукумати қаблӣ 2-3 нафаре буданд, ки райъи мустақил доштанд ва ҳамчун шахсият дар ҷомеа матраҳ буданд. Аммо ба ҳукумати навбатӣ чеҳраҳое омаданд, ки камтарин мавқеи шахсӣ ва амбитсияҳои корӣ ҳам надоранд. Вале боз ҳам вақт нишон хоҳад дод”,- гуфт Кабирӣ.

Ин дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, аз яккаҳизбӣ шудани ҳукумати ҷадид изҳори нигаронӣ намуд. Шабдолов мегӯяд, беҳтар мебуд, ҳукумати Тоҷикистон бо таъини кадрҳои ҷадид пандномаи Дороро ба эътибор мегирифт, ки аз як қавм таъин шудани роҳбарият ба манфиати кор нахоҳад буд.

Раҳбари ҲКТ бар ин назар аст, ки дар таъини кадрҳо ҳукумати Тоҷикистон бояд на ба вориси як шахс, балки ба ворис ва захоири кадрии ҳамаи гуруҳҳои ҷомеа таваҷҷуҳ мекард. “Мумкин нест ҳукумати яккаҳизбӣ ташкил кунем. Кӣ ҳаст? Ҳукумат ба кӣ такя мекунад? Ба як ҳизб! Ҳизбҳои дигар куҷост? Дарак надоранд дар ҳукумат, гӯиё ки нестанд. Чунин шакли ҳукуматдорӣ бақо нахоҳад дошт”,-таъкид кард Шодӣ Шабдолов.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шукур
Суханони Шоди Давлатович сад дар сад дурустанд ва чои нигарони аст, ки кишвари зебои мо ба як чомеаи феодали ва акабмонда табдил ёфт.

патриот
Касам ба шири сафеди модарам ин давлат оянда надорад.Бардак ба дарачаи оли расидааст.

Ба ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Бо дигар ҳаракатҳову ҳизбҳо муттаҳид шуда, ба ҳукумат фишор овардан лозим. Гилаю чингила фоида надорад, Муҳтарам Шабдолуф.

Майдон
Ҷаноби Шоабдолов чаро гила мекунед? Наход шумо яке аз он нафароне набудед, ки дар соли 1992 «ҳукумати қонуни» гуфта, як гуруҳ мардумро аз Хатлон ба майдони «Озоди» овардед ва билохира пояи ин диктатурари «пролетарият»-и Данғараро барҷо гузоштед???

hama aibi prezidentamonai sad bor guftem ki hamai hukumata az kulob moned.aralash karden az har viloyatu rayon ana aku shabdol kati kabiri nedavolni.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)