Доллар дар Тоҷикистон арзонтар шуд
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби доллар тайи як ҳафтаи охир поин рафта, 1 доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор зимни харид 4,935 ва зимни фурӯш 4,970 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ тайи ҳафтаи охир қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бетағйир боқӣ монда, 0,1480-0,1490 сомониро ташкил намуд: “Евро бошад, каме баланд шуда ба 6,6305-6,6534 сомонӣ баробар шуд.”
Ин ниҳод ба ҳолати 19-уми декабр, қурби миёнаи 1 доллари амрикоиро дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе 4,9120-4,9320 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд 4,9100-4,9300 сомонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа 4,9200-4,9300 сомонӣ арзёбӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки пештар арзиши як доллар дар нуқтаҳои мубоддилаи асъор зимни харид 4,94 ва зимни фурӯш 4,96 сомонӣ сабт шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |