Бахшҳо

"Дар кишвари мо “торикӣ” ҳукмфармо мешавад?"

Берун шудани Бобои барфӣ ва Барфак аз барномаҳои солинавии шоми 31 декабри шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон баҳсҳоеро ба миён овардааст. Аксари коршиносон ба ин иқдом баҳои манфӣ дода, мегӯянд, барномаҳои солинавӣ бидуни иштироки қаҳрамонҳои аслияш маъно надорад.

Гулнора Амиршоева, муассиси нашрияи “Вечёрка” мегӯяд, "ба Соли нави бидуни Бобои барфӣ ва Барфак муносибати манфӣ дорам. Дар кишвари мо “торикӣ” ҳукмфармо мешавад? Ин хеле бад анҷом ёфтанаш имкон дорад."

Ҳикматулло Сайфуллозода, муҳаррири “Наҷот”:

Агар ин пешниҳод асл дошта бошад, дидгоҳи банда дар ин маврид мусбат ҳаст. Вақте мо ҳамчун таҳлилгар масоили фарҳангӣ ва иҷтимоиро мавриди таҳлил қарор медиҳем ва ҳатто мегӯем, ки қонуни танзими расму оин дорем, пас ин масъала ҳам бояд, танзим дошта бошад. Ин анъанае, ки давоми солҳои тулонӣ руйи кор омадаанд, дар нисбати онҳо бояд ё таҷдиди назар шавад ва ё чӣ бархӯрди муносибе бошад, ки мо онро аз ҳуввиятсозӣ берун барорем. Вале ман гуфтанӣ нестам, ки ин бо як василаи таҳмилӣ пиёда гардад. Дар ҷомеа қишре шакл гирифтааст, ки Бобои барфӣ ва Барфакро дӯст медоранд. Онҳо такдими тӯҳфа ва ташрифи ӯро қабул доранд. Ин қишрро бояд озод гузошт. Назари банда аз болои тамоми ин қишр набояд таҳмил дошта бошад. Ё ин гуна, ки набояд дар ҳар куҷо истиқбол карда шавад. Ин масъала бояд ташхис шавад. Ҳар касе, ки мехоҳад, бигзор истиқбол бикунад. Касе намехоҳад, ё зарурати ташрифи Бобои барфиву набераашро надорад, инҳоро ҳам бояд озод гузошт. Ман наметавонам бигӯям, ки ин мақоми садо ва симои Тоҷикистон ба чӣ хотир чунин қарор гирифтааст. Ҳарчӣ гуфтам, ин дидгоҳи худам ҳаст ва аз қабл ҳам бар ин назар будам.

Вера Кулакова Браннеруд, сарвари ШТРК “Ватан” :

Ман умуман тарафдори таҷлили ҳамаи идҳо ва озодии инсон дар ин маврид ҳастам. Усулан, зидди талоши ҳукумат барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ ҳастам. Чӣ гуна метавон хоҳиши мардумро барои таҷлили як ид бо қаҳрамонҳояш маҳдуд кард? Кӯшиши идора кардани фолклор барои ман хеле хандадор ҳаст. Онҳое, ки хоҳиш надоранд, Соли навро бо Бобои барфӣ ва Барфак пешвоз намегиранд. Ба ин ҳақ ҳам доранд. Ҳамон тавре, ки қисми дигари ҷомеа мехоҳад Соли навро бо Бобои барфиву Барфак таҷлил кунад. Шахсан ман Соли навро дӯст медорам ва онро пешвоз мегирам. Фарзандони ман аз Бобои барфӣ туҳфаҳо интизор мешаванд. Ҳеч як қарори болоӣ инро ҳеч вақт тағйир намедиҳад. Ман ба касе ҳақ намедиҳам ба хурсандиҳои оилаи ман дахолат кунад. Дар робита ба қарори шифоҳӣ ҳаминро мегӯям, ки он ба анъанаҳо таъсир расонда наметавонад. Аз ин шояд гурӯҳе ҳатто манфиати молӣ ҳам бибинанд. Майлу рағбати мардум дар Душанбе барои таҷлил аз Соли нав бо ширкати Бобои барфӣ ва Барфак хеле зиёд шудааст.


Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
хами соли нава умуман чашн нагирем чи?

Свфар
ОЗОДАГОНи мухтарам! Гулнора Амиршоева ва Вера Кулакова Браннеруд точикиро намедонанд! Онхо чи медонанд химояи фархангу тамадуни миллатро?! Шумохам дигар коршинос наёфтед? Магар сару либоси хамин ду нафар ба фархангу дини мо ягон робита доранд ки онхо боз дар барои мо гап мезананд! ЧОП КУНЕД!!!!

кулоби
"Соли нав "аз мо нест ва тачлилаш дуруст нест.Аслан соли нав ном бурдан 1 январро ин худ хатто аст.

мебахшед озодагон дар кишвари мо солхои зиёдест, ки торики хукмфармо аст.

Ин берун аз фарханги мо аст. Сафар ба шумо офарин. Касонеки худашон точикиро намедонан дахолат ба фарханги мо накукан

бобои барфи
Соли навро одамоне чашн мегиранд ки саводу дониш доранд чахонбинии васеь ва талиму тарбия дидаанд. Сол иваз мешавад чи хел онро чашн намегири. Ое хурсандии фарзандон магар гунох аст? Тамоми кушишу гайрати падару модар барои хушбахтии фарзандон аст вагарна ин дуне ягон мане надорад. Фикрхои асри миенагиатонро партоед.Касе ки чашн намегирад ихтиераш вале ба зиндагии дигарон кордор нашавед.

Мо дар давлати демократи зиндагони мекунем ва намоши хамин телевидения аз андози мо вобаста аст. Барои чи хар як шахси кам фарханг фарханги набудаи худро ба мардум мачбур мекунад.Одамони мегуянд ин расму русуми мо нест галат мекунанд. Чи шумо аз хаво пайдо шудед, магар дар Точикистоне ки 70 сол яке аз чумхурихои ссср буд падару модари шумо зиндаги накарданд.? Ё ин ки худро дар хурди ба ёд оред чи гуна Иди Соли Навро мунтазири мекашиден. Асосан ин иди хурсандии кудакон аст. Ва бигзор бошад бо Бобои барфи ва барфак. Бе хамин пардакаши хам дар чумхурии бе барки мо кудакони Точикистони "сохибистиклол" аз сардию фикр маъзаи давраи ширинии кудакиро намечашанд!!!

Бобои барфӣ ва Барфак дар фолклори тоҷикӣ вуҷуд надорад. Ин ду тасвир ҳато дар барномаҳои ТВ ҳам зебу зиннат надоранд. Агар ТВҳо барномаҳои солинавӣ ба нақша бигиранд, онҳо метавонанд он барномаҳоро бидуни Бобои барфӣ ва Барфак низ доир намоянд. Муҳиммаш консерти ҷолибу хуб бошад.
Аслан ҷашни соли нави Исавӣ марбут ба масеҳиён аст, яъне пайравони Ҳазрати Исои Масеҳ Алайҳиссалом. Ин рӯз рӯзи мавлуди тахминии он Ҳазрат аст. Ҷашн гирифтани он аз ҷониби мусалмонҳо, ки Муҳаммад Р.С.А.ро паёмбари хеш медонанд, ширк ҳам набошад, як нав ҷолиб аст. Шахсан барои оилаи ман ин сана фақат тағйири солро ифода мекунад, дигар чизе не. Яъне рафтани соли кӯҳна ва омадани соли нав, ки мо, хоҳем, нахоҳем, ҳоло аз рӯи ҳамин тақвим кор мебарем. Ҳар вақте ба тақвим ва ҳуруфоти аҷдодон гузаштем, он вақт соли навро аз рӯи ҳамон тақвим ҷашн хоҳем гирифт. Вале ин кай воқеият мегардад, касе гуфта наметавонад. СОЛИ НАВАТОН МУБОРАК БОД, ДУСТОН! БИГЗОР ДАР СОЛИ НАВ РАҲБАРОНАМОН ОДИЛУ БАИНСОФ ВА ХОНАҲОЯМОН РАВШАНУ ГАРМ ШАВАД! ВА БАЪД АЗ СОЛИ НАВ ҲАМ, ҲАМЕША!

Як хафта пеш аз сафари Туркия ва Дубай(АМА) баргаштам.Дар тамоми корхонахошон ва марказхои савдо арчаи солинави гузоштаанд. Бародарон ин ид аз доираи динни кайхо баромадааст. Ё худ Шумо мавзуи бахс надоред? Имрузхо Наврузро пайравони такрибан хама динхо чашн мегиранд. Магар ин бад аст? Агар хукумати чоночони мо дар ин мавзуъ сахлангори кунад, якчанд сол баъд иди Наврузро низ аз байн мебаранд(манзурам - муллохо). Мегуянд ки ин иди динии мо нест ва толпа аз кафои онхо меравад. Соли нави 2014 ба хаммаатон муборак бошад.

Ахсан Вера ба акли солими Шумо...

давлат
дар кадом давлати масехии дунё Наврузро дар твт и маркази чашн мегиран? Лутфан номбар кунед.

соли нави 2014
Давлати СССР ( Шурави) давлати атеисти буд. Ягон динро намепазируфт вале хам иди соли нав ва хам навруз кайд карда мешуданд. Ба бародарам Юсуф гуфтаниам ки Хазрати Исо пайгамбари Худо аст Вайро Хазрати Мухаммад С.А.С этироф кардааст. Курон хондан даркор. Баьд ин ки номатро иваз кун ин ном яхуди аст яьне Иосиф дарак надори ба фикрам. Соли Нав муборак бошад хамватанон!

Яъкуб.
Чаноби Сайфуллозода хак мегуяд, баро касе писанд хаст чашн гираду барои шахсе писанд нест сашн нагирад.Набояд иду чашнхо тахмили бошаду шахсро барои кардану накардан мачбур сохт.........

Ачаб миллате будаст ин точик охир бо рондани Бобои барфи ва чащн на кардани соли нав дар Точикистон серию арзони мешавад дар хонахо барк мешавад зиндагии мардум хуб мешавад хеч гох намешавад ба шумо мардуми бофарханг чи бади кардааст ин иди соли нав охир аз хамсоякишвархои ИДМ камтар хам бошад ибрат гиред бо худо накунед ки ягон сол пас соли нави аждахорро бо мардуми чин якчоя пешвоз гиреду боз аз зиндагиатон шукргузори кунед

Чоп кунед
Ба мани бесавод фахмонед, ки кадом давлати насрони ё яхуди иди Рамазон ва Курбонро тачлил мекунад? Аз замони зухури Ислом то ин дам дар хеч як чунин сарзаминхо аз идхои мусулмонхо истикбол накарданд ва намекунанд. Пас, Бобои барфи дафъ шав!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)