Ёдовар мешавем, апрели соли гузашта дар Қирғизистон бар асари табаддулоти давлати ҳукумати Қурбонбек Боқиев, ки худаш бар асари чунин як кудато ҳукумати президент Аскар Акаевро сарнагун карда, ба тахт расида буд, барҳам зада шуд. Бар асари даргириҳои дохилии байниқавмӣ миёни мардуми қирғизу ӯзбак хунрезиҳои зиёде сурат гирифт. Кудаточиён ба ин хунрезӣ ҷонибдорони президенти фирорӣ, Қурмонбек Боқиевро муҷрим донистанд.
Баррасии парвандаи бародари собиқ президент дар бинои Додгоҳи низомии Қирғизистон сурат гирифта, додгоҳ ҷурми ўро барои ангехтани низоъи байниқавмӣ, роҳандозии бетартибиҳои оммавӣ, таъсиси ғайриқонунии гурўҳҳои ҳарбӣ, тамаъкорӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, забти худсаронаи замин дайн карда, барои 7 сол равонаи зиндон кард.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Май 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 |