Бахшҳо
23 дек 2013 15:22Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

18% мухолиф ва 82% тарафдори ҷашни Соли нави мелодӣ

Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” аз 12 то 21 декабр миёни сокинони Тоҷикистон назарпурсӣ анҷом дода, муайян кардааст, ки 18 дарсади сокинон Соли Нави мелодиро таҷлил намекунанд.

Бар асоси ин назарпурсӣ, 82 дарсади пурсидашудагон, чӣ дар шаҳр ва чӣ дар деҳот, гуфтаанд, ки Соли Навро таҷлил хоҳанд кард. Зимни ин назарпурсӣ, ки миёни 1 ҳазору 25 нафар гузаронда шудааст, муайян гардидааст, ки аксари тоҷикистониён сарфи назар аз синну сол ва ҷои зист Соли Навро таҷлил мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави Исломанд ва ҳар сол масъалаи таҷлил шудан ва ё нашудани ҷашни Соли нави милодӣ дар ҷомеаи кишвар матраҳ мегардад. Рӯҳониён Соли навро ҷашни мазҳабӣ дониста, таҷлили онро ба унвони ҷашни милоди Масеҳ ғайри қобили қабул шуморидаанд. Вале мақомот борҳо гуфтаанд, ин ҷашн барои сокинони Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ ба “мерос” монда, на ҷашни мазҳабӣ, балки “тағйири тақвим” аст.

Бо ин ҳол, Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон бо гузоштани арча ва баргузории маҳфилу нишастҳо таҷлил мешавад. Аммо имсол Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар барномаи аслии шаби Соли нав дар телевизиони Тоҷикистон Бобои барфӣ ва Барфак – қаҳрамонҳои асосии Соли нав намоиш дода нахоҳанд шуд.


Мӯҳр
Насим
Соли нав иди масехиён аст. Касе аз ин ид чашн мегирад, ба кавми насоро мепайвандад. Хадисеро, ки паёмбар (с) фармуданд, фаромуш накунед: "Хар ки худро ташбех ба кавме мекунад, у низ аз хамон кавм аст". Боки, хулоса аз шумо.

Саид
Худоро шукр ки шумораи гумрохон кам будаст! 18% он кадар барои ташвиш нест вагарна ман аз такрори солхои 1992-1997 метарсидам.

М
Саид, ки ба ту хак додааст онхоеро, ки аз афту намуди бобои барфи ва аз соли нават безоранд, гумрох ном бари?!
Гумрох ин ту хасти, ки асли хешро фаромуш карда дар гирди арчаи солинавии масехиён мачнунвор мечархи. Оё дар ягон китоби таърихии точикон аз соли нав ёд шудааст? (агар мусалмон боши, бояд хуб бидони, ки дар китобхои дини хеч гуна соли нав ё бобои барфи зикр нашудааст.)
Ва дар охир мегуям ин ном бароят мувофик нест, ба Санта Клаус табдилаш дех. Озодагон чоп кун, мувозинатро нигах дор!

Умед
Саид,
касе, ки соли нави мелодиро чашн мегирад у албатта кофир аст!!!

Саид,
Рост гуфти бародар насиб соли дигар гумрохон ба 00% мерасанд

хамон одамхоеки соли навро чашн гирифтаниянд хуб мешуд ки хамон маблаге ки барои соли нав сарф карданиян ба ятимону бе парасторон кумак кунанд хело хуб мешуд

Масчох
Саид ту гумрохи хувайдоба хасти худо хидоятад кунад баду гушад шунав соли нав харом

TJK
Эьлон !!! Бобохои барфи эхтиет шавен шаби соли нав нагарден дар кучахо шикор меравад, як гурухи чавонон Б барфира шикор меброян.

Саид
М,
Мумкин ман асли худро хуб надонам, вале ман хамин кадаршро медонам ки ягон гузаштаи точики ман терорист набуд...

М
Саид, ин чо бахс сари соли нав рафта истодааст. Дар донишгох дарси мантик хондаи?

Sharkamish
барои ман фарк надорад,вале ман бояд ба баччачонам бобои барфи ва барфакро нишон дихам

хонанда
касера намефорад чашн нагирад чи даркор гапхои бемани.Соли нав муборак.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)