Пулҷамъкунӣ аз хонандагон барои пардохти қарзи мактаб?

Бархе аз сокинони ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон аз роҳандозии “маърака”-и нави пулҷамъкунӣ дар макотиби миёнаи ин минтақа шикоят доранд.
Чанд тан аз сокинони ин ноҳия рӯзи 24 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, дар бархе аз макотиби миёнаи Қумсангир аз донишомӯзон аз 10 то 13 сомонӣ талаб доранд. Ба гуфтаи онҳо, мудирони таълимгоҳҳо гуфтаанд, ин маблағ барои баргардондани қарзи мактаб аз Шуъбаи маориф ҷамъоварӣ мешавад.
Яке аз донишомӯзони мактаби рақами 12-и ноҳияи Қумсангир, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, аз ҳамаи талабаҳо, новобаста аз синф ва вазъияти оилавии онҳо ба таври “иҷборӣ” муаллимон 13 сомонӣ талаб доранд. Ӯ мегӯяд, “раҳбарияти мактаб ҳаққи донишомӯзони аз оилаҳои камбизоат бударо аз ҳисоби кумакпулие меситонад, ки ҳар моҳ ба онҳо, дода мешавад.”
Ин сокинони ноҳияи Қумсангир илова мекунанд, ҷамъоварии маблағ аз донишомӯзон дар мактабҳои миёна дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамасола волидайни онҳо барои истифодаи китобҳои дарсӣ маблағи муайянеро пардохт мекунанд. Аммо масъулони Шуъбаи маорифи ноҳияи Қумсангир ин хабарро қотеона рад карда, гуфтанд, дар ягон мактаби ин минтақа аз донишомӯзон маблағ ҷамъ намекунанд.
Илчайзан Паллаева, мудири маорифи ноҳияи Қумсангир, гуфт, ӯ ҳеч гоҳ ба ин амали нангин роҳ намедиҳад ва аз раҳбарони макотиби миёнаи ин минтақа низ бовар дорад, ки ба ин роҳ намераванд.
Шикояти волидайни тоҷик аз болои раҳбарияти макотиби миёнаи кишвар барои "пулҷамъкунӣ"-ҳои беасос аз донишҷӯён бори аввал нест. Дар гузашта низ дақиқтараш моҳи майи соли ҷорӣ як гуруҳи сокинони маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ низ аз болои раҳбарияти мактаби №15- ин ноҳия шикоят карда, гуфта буданд, ки масъулини ин мактаб ба таври ғайриқонунӣ аз фарзандҳояшон пул талаб мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |