Курсии Амирбек Маҳмадалиев низ дар парлумон “холӣ” шуд
Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 25-уми декабр, ваколатҳои Амирбек Маҳмадалиев, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Бохтарро қатъ намуд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон саҳми Маҳмадалиевро дар кори парлумон назаррас хонда, бо тақдими ифтихорнома ба ӯ дар кори наваш муваффақият таманно намудааст. Амирбек Маҳмадалиев ахиран бо фармони президент, Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Ёвон таъин гардид.
Айни ҳол баробари курсии Маҳмадалиев дар парлумон курсии Марҳаббо Ҷабборова, собиқ вакил аз ҳавзаи рақами дуи Исмоили Сомонии Душанбе ва ҳоло ноиби нахуствазири кишвар низ холӣ буда, Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи интихоботи миёнадаврӣ барои курсиҳои холимондаи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллиро 15-уми феврал муайян кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |