Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири барканоршуда, вазифаи нав гирифт (АКС)

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири собиқи фарҳанг, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб шудааст. Ин тасмим дар Анҷумани панҷуми Ҳаракати ваҳдати миллӣ, ки 25 декабр дар Душанбе баргузор гардид, гирифта шудааст.
Дар ин Анҷумани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Саймурод Фаттоев -- мушовири раисиҷумҳур, Давлатшо Гулмамадов -- раиси вилояти Хатлон, Абдураҳмон Қодирӣ -- раиси вилояти Суғд ва Талбак Назаров -- вазири пешини умури хориҷӣ иштирок доштанд.
Мирзошоҳрух Асрорӣ тақрибан ҳафт соли охир вазири фарҳанги Тоҷикистон буд ва моҳи декабри соли ҷорӣ дар пайи тағйироти кадрӣ аз мақомаш барканор гардид. Асрории 60-сола, зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд буда, дар мақоми раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ Қурбон Восеъро иваз кардааст.
Раёсати Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ӯҳда дорад ва ин созмон дар соли 1997, баъд аз имзои созишномаи сулҳ, ташкил шудааст. Масъулони ин ҳаракат, ки дар Анҷумани рӯзи 25 декабр аз фаъолияти панҷсолаи худ натиҷагирӣ мекарданд, гуфтанд, ҳадаф аз таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ гирд овардани тамоми ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |