Шӯрои федеративии Русия созишнома бо Тоҷикистонро тасвиб кард
Шӯрои федеративии Русия имрӯз, 25-уми декабр, созишнома дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро ба тасвиб расондааст. Ин санад 8-уми феврали соли равон дар Маскав имзо шуда, муҳлати ҳузури беқайди шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия аз 7 то ба 15 рӯз тамдид мекунад.
Тибқи иттилои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба ҳолати 18-уми декабри соли равон аз Тоҷикистон ба ин кишвар 1 миллиону 300 ҳазор нафар ворид шудаанд, ки аз миқдор то ҳол танҳо 900 ҳазор нафарашон аз қайди мақомоти муҳоҷират гузаштаанд.
Мақомоти Русия мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон аз нигоҳи теъдод дар ин кишвар баъди Узбакистону Украина дар зинаи сеюм меистанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |