Аҳтам Назаров ба Қазоқистон, Даврон Эргашев ба Озарбойҷон, Соҳиб Саванқулов ба куҷо?
Се ҳимоятгари тими миллии футболи Тоҷикистон эҳтимолан клубҳои худро тағир медиҳанд.
Бино ба иттилои торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавсими трансфери зимистона шояд се футболбози мунтахаби кишвар ба бошгоҳҳои дигар гузаранд.
Манбаъ, бо такя ба ВАО-и Озарбойҷон навишта, ки клуби “Ряван”-и он кишвар аз хизмати Соҳиб Саванқулов, ҳимоятгари марказии мунтахаби Тоҷикистон даст кашидааст. Соҳиб Саванқулов дар ҳайати “Ряван”-и Боку 7 бозӣ анҷом дода ва як гол задааст.
“Аҳтам Назаров, бозигари “Истиқлол”-и Душанбе шояд ба бошгоҳи “Иртиш”-и Қазоқистон мепайвандад. Даврон Эргашев, ҳимоятгари “Жетису”-и Қазоқистон бошад, мавриди таваҷҷуҳи клуби “Габала”-и Озарбойҷон қарор гирифтааст”,-менависад сайти ФФТ.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |