Талаби хабарнигорони Суғд барои муҷозоти маъмурини пулис

Хабарнигорони мустақили Суғд имрӯз, 27- уми декабр, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуров ҷаласаи изтирорӣ баргузор намуда, муҷозоти масъулини дастанадаркорро талаб намудааст.
Ҷура Юсуфӣ, сардабири ҳафтаномаи «Дам», дар мавриди боздошту латукӯби Абдураҳим Шукуров иброз намуд, ки «бояд гунаҳкорони ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдор муайян карда шуда, нисбаташон чораҳои қонунӣ андешида шавад».
Мавлуда Рафиева, хабарнигори тоҷик, дархост намуд, ки бояд ин қазия то ба охир пайгирӣ шавад ва аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зарари маънавӣ талаб гардад.
Дар охири нишаст хабарнигорон талаб намуданд, ки бояд вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов, хабарнигоронро барои суҳбати рӯ ба рӯ даъват намояд, зеро ин ҳолат бори аввал нест.
Масъулони Додгоҳи шаҳри Душанбе шоми 26 декабр Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро бо 320 сомонӣ ҷарима аз боздошт озод кард. Оқои Шукуров шаби 26 декабр, дар ҳоле ки вакили мудофеъ надошт ва аз латту кӯб шуданаш аз тарафи маъмурони пулис шикоят мекард, барои 7 рӯз ҳабси маъмурӣ шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |