ВИДЕО: Намоиши эълони ҳукми Зайд Саидов дар телевизионҳои давлатӣ
Шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон, шоми 26-уми декабр, эълони ҳукми Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро намоиш доданд.
Тибқи ин гузориш барои таҷовуз ба номус, гирифтани пора, қаллобӣ, маҳрум кардан аз озодӣ ва серзанагӣ Зайд Саидов ба 26 соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум шуда, аз тамоми мукофотҳои давлатӣ, ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба соҳибкорӣ тайи 5 сол маҳрум гардид.
Дар гузориш таъкид шудаст, ки бархе аз парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов барои тафтишоти иловагӣ баргардонда шудаанд.
Аммо вакилони Зайд Саидов ин ҳукмро сиёсӣ хонда, изҳор доштанд, ки аз болои он рӯзи 30-юми декабр шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |