Миётович аз ҳукумат хост қазияи Шукуров таҳқиқ шавад
Дунё Миётович, намояндаи олии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САХА) бо пахши изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, то аз боздошти худсаронаи хабарнигорон худдорӣ намояд.
Дунё Миётович бо пахши изҳороте аз боздошти Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон” изҳори нигаронӣ намуда, навиштааст: "Мо аз он нигаронем, ки оқои Шукуров аз миёни ҳозирон ҷудо карда ва боздошт шудаст. Ҳарчанд маълум буд, ки Шукуров ба унвони як хабарнигор кори худро анҷом медод. Ман нигаронӣ аз он дорам, ки бо ин амал мақомоти интизомӣ талош доштанд рӯзноманигорони дигарро, ки бо инъикоси қазияи Зайд Саидов машғул буданд, фишор оранд."
Дунё Миётович, дар идомаи изҳороташ ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор додааст, то аз боздошти худсаронаи хабарнигорон худдорӣ намуда, барои онҳо имкон барои анҷоми вазифаашонро бидиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |