Даъвати муфтӣ барои худдорӣ аз дашноми ёрони паёмбар

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз мавориди таҳқиру дашном қарор гирифтани ёрони паёмбар аз сӯи бархе гуруҳҳо шадидан интиқод кард. Вай рӯзи ҷумъаи 27 декабр гуфт, ин амали эшон маънои эрод гирифтан ба Муҳаммад (с), паёмбари Исломро, дорад.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон афзуд, “ин мардум фикр намекунанд, ки дашному ҳақорати саҳобаҳо, боиси эрод ва таъна задан ба паёмбар (с) мешавад. Магар Муҳаммад (с) устоди ноком буд, ки натавонист, шогирдони болаёқат тарбия кунад?”
Ба гуфтаи ӯ, таҳқиру дашноми ёрони Муҳаммад (с) ба маънои бад гуфтан ба номи Худованд низ ҳаст: “Дашноми аҳли асҳоб маънои бад гуфтани паёмбар ҳаст ва вақте нисбат ба паёмбар бад мегӯӣ, нисбат ба Худованд бадгӯ мебошӣ.” Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, зиндагии саҳобаҳо барои пайравони дини мубини Ислом намуна ва ибратомӯз мебошад.
Абдулқодирзода бар ин аст, ки таҳқиру дашноми ёрон ва дӯстони Муҳаммад (с) боис ба мотам ва бадбахт шудани инсон дар ду олам хоҳад шуд: “Ҳар рӯзи ҳаёташ мотам аст, сиёҳ мепӯшаду худро бо занҷиру санг ва хок зада сару рӯяшро хун мекунад. Ин офат ва мусибат аст.” Ҳарчанд раиси Шӯрои уламо дар ин суханронияш гуруҳи хоссеро ном нагирифт, вале маълум буд, ки ишораи ӯ ба бархе аз таҷлилкунандагони рӯзи “Ошӯро” мебошад. Зеро дар ин рӯз, бархе аз ҷамъомадагон тавассути абзори оҳанин ба сару рӯи худ мезананд.
"Ошӯро" аксаран аз ҷониби шиамазҳабҳо дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам ба хотири ёдбуди қатли Имом Ҳусайн, набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва писари ҳазрати Алӣ (р) дар дашти Қарбало қайд карда мешавад. Дар ин рӯз бархе аз пайравони ин мазҳаб бо абзори оҳанин ба бадани худ зада, тани хешро хуншор менамоянд, ки баъзан мунҷар ба ҳалокати бархе аз ин ашхос низ мешавад. Моҳи муҳаррам тибқи солшумории мелодӣ имсол рӯзи 4 ноябр фаро расида буд ва рӯи Ошӯро ба таърихи нуҳуми моҳи муҳаррам рост меояд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |