Тавсифи раиси нави вилояти Хатлон аз ноҳияи Қумсангир
Ҳудуди 30 дарсади содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлонро ноҳияи Қумсангир аз ҳисоби ҳосили пиёз иҷро намудааст.
Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Хатлон, ин нуктаро зимни суханронияш дар иҷлосияи 16-уми маҷлиси намояндагони мардумии вилоят зикр кард. Ба қавли ӯ, ба хориҷи кишвар 45,4 ҳазор тон маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки ин баробар ба 108 дарсади нақшаи супориширо ташкил медиҳад.
Раиси тозатаъйини вилояти Хатлон аз иҷро нашудани ин спориш аз сӯи бархе раҳбарони навоҳии дигар нигаронӣ карда, гуфтааст: “Мутаассифона, рафти иҷрои супориши мазкур дар навоҳии Вахш, Восеъ, Ҷиликӯл, Хуросон, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Муъминобод, Фархор, Носири Хусрав ва Бохтар ба талабот ҷавобгӯ набуда, онҳо иҷрои супоришро аз 21 то 95,2-фисадӣ таъмин кардаанду бас”
Ин дар ҳолест, ки ба қавли Давлатшо Гулмаҳмадов дар ҳамаи ин шаҳру навоҳии вилояти Хатлон миқдори зиёди маҳсулот барои содирот мавҷуд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |