Ҳушдори Амрико барои тарки комили Афғонистон
Дар пайи худдории Ҳомид Карзай аз имзои паймони амниятӣ ва ба таъхир гузоштани ин масъала то бароварда шудани бархе аз шартҳо аз тарафи Амрико, суханони зидду нақизе аз сӯи мақомоти амрикоӣ дар расонаҳо дар хусуси тарки комили Афғонистон, нашр мешавад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Кобул, дар канори ҳам қарор додани изҳорот ва таҳдидҳои ҳафтаҳои ахири мақомоти амрикоӣ, метавон ба ин натиҷагирӣ расид, ки мавқеи мақомоти Кохи Сафед ва Пентагон дар бораи вазъияти нерӯҳои амрикоӣ пас аз соли 2014, яксон нест.
Дар вокуниш ба худдории раиси ҷумҳури Афғонистон аз имзои паймони амниятӣ, мақомоти Кохи сафед бо бемайлии тамом нисбат ба вариант ё худ гузинаи сифр ( хуруҷи комили низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон то поёни 2014) сӯҳбат мекунанд, ҳол он, ки мақомоти аршади Пентагон хостори имзои ҳарчи зудтари паймон тавассути Ҳомид Карзай ҳастанд ва нисбат ба натиҷаҳои вариант ё худ гузинаи сифр ҳушдор медиҳанд.
Аммо аҳамияти мавқеияти стратегии Афғонистон барои Амрико ва барои стротегияи дарозмуддати Вашингтон дар Осиё, ба шакле нест, ки битавонад ба соддагӣ аз ин кишвар биравад.
Ҷовид Куҳистонӣ, коршиноси низомии Афғонистон ҳам муътақид аст, ки нерӯҳои амрикоӣ Афғонистонро тарк нахоҳанд кард.
Ба ақидаи вай иллати ин, ки низомиёни амрикоӣ Ироқро тарк карданд, ба ин далел буд, ки заминаи ҳузури ин неруҳо дар кишварҳои атрофи Ироқ муяссар буд ва аз роҳи пойгоҳҳои артофи Ироқ метавонистанд амалиётҳои мавриди назари худ дар хоки ин кишварро ба пеш баранд. Аммо дар ин минтақа чунин заминае вуҷуд надорад ва аз сӯи дигар марказҳои бунёдгароӣ дар минтақаи атрофи Афғонист ва худи Афғонистон пароканда аст. Ба ҳамин далел Чин ва Русия нигарон ҳастанд ва бо имзои ин тавофуқнома мухолифате накардаанд. Куҳистонӣ ақида дорад, ки ба ин далелҳо Амрико, Афғонистонро монанди Ироқ тарк нахоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |