Tethys расман эълон кард, ки Узбакистонро тарк мекунад

Ширкати муштараки Бритониё ва Канада “Tethys Petroleum Limited” тасмим гирифтааст, аз иҷрои тарҳҳо дар Узбакистон худдорӣ ва қаламрави ин кишварро тарк кунад.
Tethys Petroleum Limited аз ин тасмими худ бо пахши як варақаи иттилоотӣ дар торнамои расмияш хабар додааст. Ин ширкати кашф ва истихроҷи нафту газ далели берун кардани намояндагии худ дар Узбакистонро, тағйири фазои сиёсию тиҷории ин кишвар, арзбёӣ кардааст.
Ба иттилои торнамои расмии Tethys Petroleum Limited, раванди берункунии намояндагии он дар Узбакистон ҳудуди се моҳ тӯл хоҳад кашид. Ширкати муштараки Бритониё ва Канада мегӯяд, қатъи фаъолияти намояндагиаш дар Узбакистон имконият медиҳад, иҷрои тарҳҳои ба зимма гирифтааш дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон ва Гурҷистонро тақвият бахшад.
Моҳи ноябри соли ҷорӣ торнамои 12uz.com бо пахши як гузориш ширкати Tethys Petroleum Limited-ро барои азхудкунии ҳаққи ҷониби Узбакистон аз истихроҷи нафту газ ва пулшӯӣ муттаҳам карда буд. Дар робита ба ин қазия ду тан аз кормандони намояндагии ин ширкат дар Тошканд боздошт шуда буданд ва мақомоти Узбакистон хисороти овардаи Tethys Petroleum Limited ба буҷаи давлати худро 30 миллион доллар арзёбӣ намуданд.
Ширкати Тетис Петролеум Лимитед ба корҳои иктишоф ва коркарди конҳои нафту газ дар Гурҷистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон машғул мебошад. Соли 2008 миёни ҳукумати кишвар ва ширкати Tethys Petroleum Limited ба имзо расидааст.Дар Тоҷикистон корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯӣ дар минтақаҳои Бохтар, Пушёни ҷанубӣ ва Хоҷа Сартез анҷом дода мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |